ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ҷарроҳӣ кун!

  • Панҷшанбе, Фев 23 2017

Наздики 10 рӯз рӯи захме аз ангушти пой азиятам медод, роҳ гашта наметавонистам. Дар оғоз фикр кардам, ки ангушти по лат хӯрда ё шикастааст, аз ин рӯ, ба духтурони шикастабанд муроҷиат кардам. Духтури нахустине, ки поямро дид, дарҳол тасмим гирифт, ки гӯё устухони ангушти хурди пой каҷ шудаву бояд дарҳол онро гипс намоям. Мутахассиси 2-юм низ таъкид мекард, бояд ҳатман ангушти пойро лангет кард, вале ман, ки ба гуфтаҳои боло мутмаин набудам, барои гипсу лангет розӣ нашуда боз чанд рӯзи дигар ба кор омадан гирифтам. Ҳоламро дида сардабирамон маро аз кор озод карда, 3 рӯз рухсатӣ ҳам дода афзуд:

-Поятро шифо бахшу дар ин бора матлабе навис...

Вале ман сарфи назар аз ин озодӣ боз ҳам лангида-лангида ба идора омада мерафтам. Мо Метавонем!

Тозагиву гармӣ 

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:30 дақиқа. Пас аз дарду ранҷи бисёр ва муроҷиат ба бахшҳои шикастабандии бархе аз бемористонҳои пойтахт ва ҷанҷоли модар, тасмим мегирам ба Беморхонаи клиникии шаҳрии №3, ки бештар бо номи маркази ҷарроҳӣ ва сӯхтанӣ маъмул аст, биравам. Бо додарам Ҷамшед мошини ҳамсояро гирифта, озими ин беморхона мешавем.

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:50 дақиқа. Барфи зиёд беист борида роҳҳоро пурбарф карда буд. Аммо масъулини он ба хотири амнияти беморон ва муроҷиаткунандагон рӯи зинаҳои лағжонаки даромадгоҳ 2 қабат порчаи махсусро андохтаанд, ки мо баҳузур гузарем. Дохили беморхона шуда шӯъбаи қабулро ҷустем. Дохили он хеле гарму бениҳоят тоза буд: чунин шароитро ман интизор надоштам! 

 Тоблу барои беморон

Чашмам ба таблои калони рӯи девори назди дари даромадгоҳ насбшуда афтид – дар он ба таври автоматикӣ ному насаби духтурони навбатдор ва беморон бо рақами ҳуҷраашон бо 2 забон-тоҷикиву русӣ дарҷ шудааст. Мисли таблои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо. Чунин таблоро дар ягон беморхона то ба имрӯз надида будам ё шояд аз чунин навовариҳои соҳаи тандурустии кишвар дер кардааму бехабар? Ҳарчӣ набошад, роҳандозии чунин лавҳаи электронии автоматӣ кори беморонро хеле осон мекунад: мо ба зудӣ шӯъбаи қабул ва номи духтури навбатдорро аз ин табло пайдо карда, наздаш рафтем. 

Язва!!! Ором бошед!

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Хоҳари шафқат, ки дар шӯъбаи қабул имшаб навбатдор буд, арзи маро шунида, варами пой ва захми ангуштро аз назар гузаронид. Баъдан ба духтури навбатдор Саидов Қутбиддин занг зада, хоҳиш намуд, ки 1 маротиба ба шӯъбаи қабул фарояд. Пас аз чанд лаҳза духтур ҳам омаду пас аз аҳволпурсӣ ба муоинаи захми ангушти поям сар кард. 

«Язва шудааст, ку!» -гуфт ӯ. Дарҳол пурсидам, ки язвааш чӣ асту оё магар он дар пой ҳам мешавад? Духтур Қутбиддин бароям маънидод кард, ки чунин захмҳоро язва мегӯянд ва аз ин бояд натарсаму наҳаросам. Язва-захм дар ангушти пой асосан аз зарбаи чизе пайдо мешавад, дар баъзе мавридҳо бошад ифлосӣ ва микробҳои пӯсти пастсифати кафш низ боиси сар задани он мегардад.

Духтур ба хоҳари шафқат дастур дод, ки маро ба утоқи муолиҷа бубарад ва барои ҷарроҳӣ омодагӣ бигирад. Ман аз калимаи ҷарроҳӣ хеле тарсидам, лек духтур бо нимтабассум гуфт, ки «Натарсед! То тӯй хуб мешавад!»

Дарди бадро давои бад

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:10 дақиқа. Хоҳари шафқат захмро бо маҳлули спирт тозаву пок карда, духтур рӯи он каме мази «Левомикол» гузошту бо пораи докаи дар спирт таршуда печонида аз болои он бинт баст. «Ана, тамом!»-гуфт духтур Қутбиддин. «Чӣ хел тамом?» ҳайрон шудам ман ба сӯзиши по нигоҳ накарда.

«Бале, тамом, давои захми шумо танҳо 1 чиз аст-арақ! Дар муддати 3 рӯзи оянда пас аз ҳар 3-4 соат ҳамин корро дар хона анҷом дода, пас аз гузоштани мазу печонидани бинт рӯи он каме арақ мерезеду халос. Ин захм тез аз байн меравад! Саломат бошеду дигар бемор нашавед!»-гуфт духтур. 

Ман аз чунин муносибат хеле мутаассир гаштаму даст ба кисса андохта хостам ба духтур 10-20 сомонӣ диҳам, вале ӯ розӣ нашуд, гуфт, ки коре накардааст. Ба духтур гуфтам, ки журналист ҳастаму дар газетаи СССР кор мекунам ва ҳатман дар борааш хоҳам навишт. 

«Ба СССР саломи маро расонед, ман ҳам хонандаи шумоям!»-таъкид намуд духтур Саидов Қутбиддин ба ману баргашта ба ошёнаи боло баромада рафт. Мутаассифона, ӯ нагузошт, ки аксашро бигирам…

 «Гунҷишкро кӣ кушад? Қассоб!»

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:30 дақиқа. Ман аз беморхона берун шуда пеши худ гуфтам, ки хуб шуд ба гапи шикастабандҳо гӯш накардам, вагарна поямро бесабаб лангету гипс мекарданду дардамро фузун. Аҷоиб духтурҳое! Захми инсонро хуб нафаҳмида дарҳол гипс мегӯянд. Ба ҳар ҳол гунҷишкро бояд қассоб кушад! Ё не!? Ва боз ҳам шод аз он шудам, ки давои ман ғайриоддӣ ва маҳлули арзону дастрас - арақ будааст. Аз мағозаи назди хона 1 шиша арақи «Тоҷикистон»-ро харида дар шкафи худам пинҳон намудам, охир ин доруи 3 рӯзи ояндаи захми пои ман аст! Давои духтурро пас аз 1 соат аллакай эҳсос кардам, ки дарди поям камтар шуд! 

Соате, ки ин матлабро пеши Раиси дафтар-Шаҳрзоди Амин мебурдам, аллакай лангон-лангон неву хиромон мерафтам.

Мо метавонем!

Мино Аминзода,

аз Беморхонаи клиники шаҳрии №3

махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter