Бо дастур ва ё тавсияи Вазорати маориф ва илми мамлакат хонандагон ва омӯзгорони тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ бояд аз 1.03.2017 куртаи атлас ба бар ва тоқӣ ба сар намуда, ба мактаб биёянд. Дар баробари толибилмони мактабҳои миёна, донишҷӯдухтарони макотиби олӣ низ бояд ба тан куртаи атлас карда, ба дарс бираванд. Ин тавсия ё дастур, ки аллакай амалӣ шуда истодааст, дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу мунозираи зиёдеро ба бор овард. Бархе таъкид медоштанд, ки атласу адрас ва чакан сирф либосҳои ҷашнӣ буда, духтарону занон онро бояд танҳо дар тӯю сур ба тан кунанд. Қисмати дигаре аз он шикоят мекарданд, ки пас аз ин дастур нархи матои атлас дар бозорҳои кишвар ба маротиб боло рафта, бозори бархе аз тоҷирону истеҳсолкунандагонро гарм кардааст. Бо супориши редаксия мухбир-ревизори СССР рӯзи 5.03.2017 аз калонтарин бозори ҷумҳурӣ-«Корвон» дидан намуда, ҳам нарху наворо пурсид ва ҳам барои худ атлас харид.
Атласу адрас ҳаст!
5.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Аз дарвозаи охирини бозори мазкур, ки ҳамчун яклухтфурӯшӣ машҳур аст, ворид шуда мебинам, ки садҳо намуди атласу адрасу чакан растаҳои матоъфурӯширо пур кардаанд. Рӯзе пеш чанд нафар аз дӯстон гуфта буданд, ки пас аз атласпӯшии мактаббачагон, дар бозор атласу адрас намондаасту нархи 1 метри атласи хуб то ба 60 сомонӣ шудааст. То ҷое, мо дидем, ин тавр набуд, атласу адраси фаровон бозорро пур кардаву харидори он ҳам ба маротиб афзуда.
Нархи 1 метр атлас аз 12 то 80 сомонӣ
Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Дар ин муддат тамоми растаҳои матоъфурӯшии қисмати яклухтфурӯшии «Корвон»-ро гашта, танҳо нарх пурсидам. Нархи 1 метр атласи ҷилодор, яъне абрешимии хуб аз 40 то 50 сомонист. Нархи 1 метр матои адрас, ки солҳои охир низ мӯд шуда ба бозор ворид шудааст, аз 12 сомонӣ сар шуда, то 45 сомонӣ қимат дорад. Бартарияти матои адрас дар он аст, ки он аз нахи пахта бофта шуда, пас аз шустан сифати хешро гум намекунад. Ғайр аз ин, атласу адрасҳои мӯҳрадор низ баҳори соли равон бо теъдоди зиёд ба бозор ворид шуда, 1 либоси он (8 метр) 480-500 сомонист. Маъмулан туҷҷор атласу адрасро 8-метрӣ порча ва барои харидорон омода карда мондаанд ва аз ин андоза камтар намефурӯшанд.
Лас ба ҷои атлас
Соат бо вақти Душанбе 11:15 дақиқа. Дар баробари фурӯшандагони атласу адрас тиҷорати ласфурӯшон низ ҳоло равғанин шудааст. Тоҷирони дурандеш имрӯз лас-атласҳоро бофтаву сохта, ба бозор баровардаанд ва нархи 1 метри он аз 6 то 10 сомонӣ арзиш дорад. Аммо айни замон лас-атласро дар бозор пайдо кардан мушкил аст. Зеро тамоми мактабҳои миёна ба хотири дастгирии вазъи иқтисодии падару модарон, ба тоҷирон муроҷиат карда, барои хонандагони мактабҳои худ ба таври яклухт ласи атласмонанд фармоиш дода, мехариданд. Барои духтарони мактабхон лас-атласро роҳбарони синф вобаста ба қаду қомату сол 2-3 метрӣ ҷудо карда додаанд. Аз ин аст, ки имрӯз духтарони 1 мактаб лас-атласи сурх пӯшидаву мактаби дигар ранги сабз ё кабуд. Шояд интихоби лас аз атласи ҳақиқӣ беҳтару хубтар бошад: ҳам арзон ва ҳам зиёд қат нашуда, борҳо шустанаш мумкин.
Куртаҳои тайёр барои кӯдакон
Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Дар баробари пур шудани бозор аз атласу адрас, куртаҳои тайёру омодашудаи атласӣ низ хеле зиёд ба савдо бароварда шудааст. Алалхусус, шумораи фурӯшандагони куртачаҳои тайёр барои духтаракони то 10 сола хеле зиёд аст. Куртачаҳои тайёр дар бозор аз 10 то 35 сомонӣ арзиш доранд. Маълум, ки сифати чунин либос хеле паст аст, аммо ба ин нигоҳ накарда падарону модарон чунин куртаҳоро харида истодаанд: дар боғчаи кӯдакон низ гуфтаанд: «Атлас пӯшед!»
Тоқида биё, бача!
Соат бо вақти Душанбе 12:30 дақиқа. Имрӯз ҳар нафаре, ки атласу адрасу лас мехарад. Ҳатман дар баробараш тоқича низ харидорӣ мекунад, чунки вазорати маориф гуфтааст, ки духтарони мактабхон дар баробари куртаи атлас тоқӣ низ ба сар кунанд. Аҷиб аст, ки чаро рӯймол не?! Аз ин рӯ, нархи тоқичаҳое, ки аз Хитой ба Тоҷикистон ворид мешуду нархаш 5-6 сомониро ташкил медод, айни замон аз 10 сомонӣ сар шуда, то 35 сомонӣ нарх доранд. Ба ғайр аз тоқиҳои чоргула, ки ба шакли тоқии ироқӣ сохта шудаанд. Тоқиҳои атласӣ ва сурх-бадахшонӣ низ ҳоло серхаридоранд. Аҷибаш он аст, ки фурӯшандаҳои тоқиҳо мардумро «Тоқида биё. Бача!»-гуфта ҷалб мекунанд…
Вазорати маориф соҳибкори бегонаро дастгирӣ кард!
Соат бо вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Монда шуда, аз бозор мебароям ва сӯи хона роҳ пеш мегирам. Дар бозор атласу адрас ҳаст ва харидор ҳам. Мардум новобаста аз нарху сифат харида истодаанд-мактабу боғчаи кӯдакон ва донишгоҳ талаб дорад. Талаб аз рӯи дастури вазорати маориф ва илм. Кори хубе кард ин вазорат! Бо ин дастураш кисаи бархе аз тоҷирону истеҳсолкунандагони қирғизу ӯзбекиву хитоиро ғанӣ намуд. Тиҷорати онҳоро рушд дод ва бо ин васила барои ворид шудани даромадҳои иловагӣ ба буҷаи кишварҳои ҳамсоя мусоидат кард. Шояд шумо мепурсед чӣ тавр? Ман мегӯям! Ғарам-ғарам атласу адрасу лас, контейнерҳо пури куртачаҳои атласу тоқӣ. Камзӯлчаҳову ба қавле кардиган-ҷомачаҳо бозори «Корвон»-ро зер кардаву аён аст, ки аз Самарқанду Тошканду Бишкеку Урумчи омадаанд! Ин аст сабаби асосии рӯ ба атласпӯшӣ овардани мо! Афсӯс, ки боз киссаи бегонае пур шуду ҳунармандони асили Тоҷик боз паси девор монданд. Мо ба ин мавзӯъ бармегардем. Мо метавонем
Шояд шумо пурсед, ки оё ман бо супориши редаксия барои худам атлас харидам? Бале! Харидам ва онро аллакай ба дӯзанда додам, то ин ки бароям пероҳани зебои аз рӯи мӯди солҳои 70-уми асри 20 дӯзад. Мо метавонем!
Мину Аминзода,
5.03.2017, бозори «Корвон»