ХАБАРИ ДОҒ

Дар «Бундес бар» мусиқии Тоҷикӣ қатъиян манъ аст!

  • Чоршанбе, Март 29 2017



13.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Ин шом хостам 2 дӯсти хориҷиам Рето ва Дэвидро, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Душанбе аз Швейтсария омадаанд, ба шомхӯрӣ даъват кунам. Тасмим мегирам онҳоро ба тарабхонаи «Бундес бар», ки ба фарҳанги аврупоӣ наздиктар аст, бубарам, то ин, ки эшон худро бароҳат ҳис намуда, хӯроки дилхоҳи хешро дар ин тарабхонаи олмонӣ бихӯранд. Тарабхона, дурусттараш бар, ки дар ошёнаи 1-уми бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷойгир аст, бо завқу салиқаи олмонӣ оро ёфта, фазояш низ аврупоист ва кас метавонад дар чунин фазои хуш бо оромиш нишаста, сӯҳбат намояду хӯрок бихӯрад. Ман 2 сол қабл боре ба ин тарабхона омада будам, он замон аз хизматрасониву хӯрокҳояш хеле розӣ рафтам. Аммо ин маротиб, алалхусус бо меҳмонони хориҷӣ аз «Бундес бар» пушаймон шудам! Барои чӣ? Ҳоло хоҳам гуфт!

Гӯшти хук-интихоби №1-и мизоҷон
Мо бо Рето ва Дэвид ба «Бундес бар» ворид шуда, дар 1 канори толор барои худ ҷо гирифтем. Нишастан замон ба сӯямон пешхизмат-ҷавонписар омада китобчаи хӯрокҳо ва нӯшокиҳоро пешниҳод намуд. Бачаҳо барои худ аз байни даҳҳо намуд оби ҷави бар танҳо оби ҷави истеҳсоли Тоҷикӣ-«Сим-сим»-ро интихоб карданд. Баъдан шурӯъ кардем ба интихоби ғизои шом. Пешхизмат бароямон бештар хӯрокҳо аз гӯшти хукро, ки дар ин тарабхона серхаридор будааст, тавсия медод. Чун шояд дид, меҳмонҳо хориҷианд ин корро кард, вале дӯстони ман ба ҷои гӯшт бештар сабзавот мехӯрдаанд ва хӯрокеро интихоб карданд, ки гӯшт камтару сабзавот бештар дошта бошад. Ман, ки дар хеле аз тарабхонаҳои пойтахт будаам, танҳо дар ин ҷо шунидам, ки дар бораи хӯрокҳо аз гӯшти хук, ки хӯрдани он барои ҷомеаи мусалмонии Тоҷик макрӯҳ аст, ин қадар ошкоро ва бо шавқу рағбат ҳарф бизананд ва тавсия намоянд. Кунҷкобиам боло рафту аз пешхизмат пурсидам, оё мардуми Тоҷик ҳам, ки меоянд, инҷо гӯшти хук мехӯранд? Ҷавонписар гуфт, ки «оре, бештар ҷавонон майли чунин хӯрокҳоро мекунанд, баъдан барои хориҷиҳо, ҳасибҳои хукие, ки ошпазҳои мо мепазанд, хеле маъмулу машҳуранд»-гуфт ӯ. Сипас, нақл кард, ки хӯрокҳо аз гӯшти хук дар бахши алоҳида ва аз тарафи ошпазҳои олмонӣ пухтаю омода шуда, ҳафтае 1 маротиба ин амал аз ҷониби намояндагони санитарию эпидемиологии пойтахт санҷида мешавад…

Мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!
Дӯстони ман, ки ошиқи санъату мусиқии Тоҷикианд, хостанд суруди Тоҷикӣ, хоса, дар иҷрои Зафар Аюбӣ супориш диҳанд ва бо ин мақсад пешхизматро даъват карданду хоҳишашонро гуфтанд. Аз мусиқии баланду гӯшхароши роки вазнини аврупоӣ ҳама хаста шуда буд.
-«Дар ин ҷо гузоштани суруду мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!»-таъкид намуд дар ҷавоб пешхизмат.
-«Чӣ хел манъ аст?» суол кардам ман.
-«Ана, ҳамин хел манъ аст, роҳбарият ба мо намегузорад, ки суруд ва ё мусиқии Тоҷикӣ гузорем, зеро ин тарабхонаи олмонӣ аст. Дар 1,5 соле, ки ин ҷо кор мекунам, танҳо 2 маротиба суруди Тоҷикӣ гузошта будем ва он ҳам дар зодрӯзи дӯстони раисамон, тамом! Худамон хам хаста шудем, садои чунин мусиқии рок гӯшу майнаамонро кайҳо хароб кардааст, аммо чӣ чора. Мо коргари оддием!»-чунин гуфту рафт пешхизмат…
Ман пас аз ин ҳарфҳо чанд муддат дар ҳолати шокӣ қарор доштам, ки чӣ гуна дар ҳудуди Тоҷикистон, дар дили Душанбе, дар зери утоқҳои стратегҳои асосии мамлакат, ки сиёсати геополитикиро пеш мебаранд, шунидани суруди Тоҷикӣ манъ бошад!? НОНСЕНС! Нафаҳмидам ва фаҳмида ҳам наметавонам. Дӯстонам низ ангушти ҳайрат газида хомӯшона сӯи ман нигоҳ мекарданд… Мехостем ба нишони эътироз аз ҷо хеста баромада равем, лек аллакай хӯрок оварда буданду ба хотири кам нашудани маоши пешхизмат Дэвид моро маҷбур кард бишинем.

1 чойник чой 15 сомонӣ!
Хӯрок-1 пораи гӯшти гови сурхкардашударо бо боимҷону помидору сабзӣ ва шалғам бо дили нохоҳам хӯрда пас аз тановули он чойи кабуд фармудем. Пешхизмат бароямон чой овард. Чойи кабуди маъмулӣ бе ягон иловаҳои мевагӣ. Чойро нӯшида суратҳисоб хостем, пешхизмат бароямон суратҳисоб овард: 256 сомонӣ! 256 сомонӣ барои 3 бокал оби ҷав, каме нони бирёни сиёҳ ва панир-хӯриш бо оби ҷав, 2 гӯшт бо сабзавот ва чойи кабуд, ки расо 3 пиёла чой дошт. 1 чойник чойи кабуд 15 сомонӣ! Дӯстон нагузоштанд, ки ман ҳисобӣ кунам ва худашон пули хӯрок доданд. Пешхизмат моро то берун аз дари «Бундес бар» гусел карда, аз пасамон 2-3 маротиба «Хуш омадед! Боз биёед!» гуфт. Лек ман пеши худ гуфтам, ки дигар ба чунин ҷое, ки аз фарҳангу санъати Тоҷиконаи ман фарсахҳо дур асту мусиқаи Тоҷикиро манъ кардаанд, ҳаргиз нахоҳам поямро гузошт. Ҷое, ки Тоҷик будани ман ба хотири нозу нузи 1 тоҷики дигари аврупоишуда поймол шудааст, на танҳо ман, ки балки Ватану Миллатамро хор месозад! Мо метавонем!


Мину Аминзода, СССР
13.03.2017 аз «Бундес бар»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter