Чанде пеш дар пойтахти мамлакат обидаи нави меъморӣ бо номи «I love Dushanbe» («Ман Душанберо дӯст медорам») ифтитоҳ гардид. Лоиҳаи нави меъморӣ дар дохили маҷмааи «Диёри Душанбе», воқеъ дар наздикии Кӯли ҷавонон устувор карда шудааст.
Обидаи «I love Dushanbe» аз ҷониби ширкати «Қатар- Диёр- Тоҷикистон» ҳамчун 1 навъ рамзи изҳори муҳаббат ба пойтахти кишварамон гузошта шуд. Корҳо дар самти эҷоди он чанд моҳ пеш оғоз гашта, дар мавриди маҳз дар ин макон гузоштани ин маҷмаа қаблан иттилоъ пахш нашуда буд.
Дар наздикии обидаи баландиаш 2,5 метраи «Ман Душанберо дӯст медорам» фаввора насб гардидааст, ки тӯли рӯз фаъол аст. Дар давоми 2 рӯз зиёда аз садҳо нафар тамошобинон ба ин маҷмаа омада, лаҳзаҳои зебои худро дар «Диёри Душанбе» акс гирифтаанд. Дар шабакаҳои иҷимоӣ шумораи зиёде аз корбарон барои таъсиси ин гуна лоиҳаи хуби меҳмоннавозӣ дар пойтахти кишвар изҳори сипос намудаанд.
СССР