ХАБАРИ ДОҒ

Модари Президент-Модари мост

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


(Ба ҳама ОЧАҶОНҲО бахшида мешавад)

Ба хости Худованд ва меҳрубонии Ӯ соли 2015 ба ман муяссар шуд, ки сафари Ҳаҷ ва тавофи Хонаи Каъба намояму Равзаи Паёмбари гиромиамон (дуруд бар Ӯ) ва дигар саҳобаю пешвоёни дини мубини Исломро зиёрат карда, маконҳои муқаддаси шаҳри Мадинаи Мунаввара ва Маккаи Мукаррамаро бубинам. Чӣ қадар ҳиссиёт маро фаро гирифта буд он айём…
Рӯзе тавоф карда, зери сояи сутуни ҳавлии назди Ҳарам, рӯ ба рӯи дари Хонаи Каъба намоз хондам ва дуою дуруд намуда, дар ҳаққи мардуми кишварамон тинҷию амонӣ, файзу бараккат ва тамоми некию бурдбориҳоро аз даргоҳи Илоҳӣ хоста истода будам, ки нохост ба китфам дасти касе гузошта шуд. Бинам, ҷавони 20-23 солаи Тоҷик. Ба ӯ салому алейк намудаму аҳвол пурсидам. Маълум шуд, ки ӯ муддати 4 сол боз дар хориҷи кишвар истиқомат дошта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Хоҷагонаш майнаи ӯро тамоман олудаи ақидаи зидди давлати мо сохтаанд, ки дар ин макони муқаддас бо ӯ сӯҳбати ором карда натавонистам. Дуо кардам, ки: «Парвардигоро, аввалан ин ҳамватани ҷавони моро ҳидоят намо, ки аз роҳи нодурусти пешгирифтааш, ки хеле хатою хатарнок аст, бигардад, агар нагардад Ӯро ранҷур сохта ба Ватан баргардон!» Ӯ аз ин дуои ман ранҷид ва хайрухушро бо ман нася монд. Вале чанд лаҳза хотирам озурда шуд, ки чунин мулоқоти ғайричашмдошт дар ин макони хеле ва хеле муқаддас бо ман рух дод. Он ҷо маконест, ки набояд касеро ранҷонид ва дилеро озор дод. Вале ҳар чӣ Худо хоҳад, ҳамон мешавад. Ман ба хотири аз роҳи бад гардонидани ин ҷавон ва муҳофизат аз амнияти Ватани ба ҷон баробари худ ин амалро ба ҷо овардам ва он айём аз Худованди Бузург, ки хеле раҳмдилу дӯстдори мо бандагони пургуноҳаш аст, талаби авфи гуноҳ карданамро хостам. Худованд тавбапазир аст ва тавбахоҳонро дӯст медорад.

Мардумдӯстӣ мардумсолорист
Аз нақлу ривоятҳо шунидаем, ки ҳазрати Умар (разияллоҳу ъанҳу) ҳини фарорасии шаб либоси оддӣ ба бар карда, дар кӯчаҳои шаҳри Мадинаи Мунаввара сайругашт ва бо мардуми оддӣ вохӯрда, суҳбат мекардааст. Аз вазъи зиндагии онҳо пурсида, баҳри дастгирии камбағалон ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеъа талош меварзидааст. Бо гузашти чандин аср бо хости Парвардигор чунин подшоҳи одил ба дунё омад. Ҷаноби Олӣ на ҳамчун ҳазрати Умар шабона, балки рӯзона дар байни мардуми тамоми манотиқи кишвар аст. Дар солҳои Шӯравӣ мо фақат расмҳои сардорони давлатро медидем ва ёд надорем, ки онҳо боре ҳам ба ноҳияҳо ташриф оварда бошанду бо мардуми оддӣ аз наздик рӯ ба рӯ шуда, суҳбати ошкоро кардаанд. Вале Пешвои миллат аз тамоми ноҳияҳо, ҳатто бисёре аз деҳоти мамлакат дидан намуда, бо сокинони маҳаллаҳо аз наздик суҳбатҳо оростанд. Аз ҳама хислати ҳамидаи Ҷаноби Олӣ боз дар он аст, ки бо мардуми оддӣ гап заданро дӯст медорад ва бо самимияти хос бо онҳо ҳарф мезанаду мешунавад. Мардуми деҳнишинро ниҳоят эҳтиром менамоянд.
Боре дар маҳаллае бо Ҷаноби Олӣ вохӯрӣ доштем. Кормандони амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъият мардумро дуртар аз макони вохӯрӣ нигоҳ медоштанд. Вақте Пешвои Миллат ба минбар баромаданд, нахуст чашмашон ба мардуми дуртар аз мо истода бархӯрд ва аз онҳо даъват намуд, ки пеш оянд. Шояд онҳо ягон дархосту андешае дар дил дошта бошанд, ки баҳри боло бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафти ҷомеа кӯмак расонанд. Ҷаноби Олӣ нахуст аз зиндагию афкори эшон огоҳ шуда, суҳбат намуданд. Оё чунин муносибати самимиро нисбати мардуми оддӣ аз роҳбарони собиқ давлати Шӯравӣ касе аз падарону бобоёни мо дар ёд доранд? Ҳаргиз не! Ин афсонае буду халос…

Ҳамсояпарвар
«Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст» - мегӯянд бузургон. Ҷаноби Олӣ баҳри тинҷии давлатҳои бо мо ҳамсоя чӣ қадар кӯшишу талошҳо намуда, аз минбарҳои баланди дунё баҳри дастгирию ободии давлатҳои ба мо ҳаммарз таклифу дархост ва пешниҳодҳои ҷолиб мекунанд. Ғами мардуми дунёро хӯрда, масоили глобалиро пешниҳод менамоянд ва баҳри беҳбуду баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми сайёра кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешниҳодҳои Ӯ оид ба таъмини оби ошомиданӣ ба мардуми сайёра ҷаҳониёнро такон дод ва мардуми дунё аз ин таклифҳо ҳамаҷониба пуштибонӣ намуданд. То кунун аз ҷониби ягон роҳбари давлат чунин таклифоти сатҳи ҷаҳонидошта ба миён гузошта нашудааст.
Дар боби пок доштани дини мубини Ислом аз душманони дохилию беруна хизматҳои Ҷаноби Олӣ беназиранд. Таърихи башарият ёд надорад, ки Садри давлате ҷуръат карда, аз баландтарин минбари дунё аз дини мубини Ислом пуштибонӣ кунад ва калимаи «Ислом»-ро аз ибораи «Террористони исломӣ» ҷудо созад. Президенти мо бо ба Тоҷикистон даъват намудани намояндагони воломақоми дини мубини Ислом аз тамоми дунё, ҳангоми бузургдошти Эмоми Аъзам таҳдиди аз байн бурдани мазҳаби Ҳанафӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори ин мазҳабро ба ҷаҳониён нишон дод. Бо ин амали неки хеш Пешвои миллат тавонист, ки садди роҳи ақидаҳои нопоку ғаразноки «Салафиҳо» шавад. Чунин хизматҳои беназираш будӣ, ки Худованд ба ӯ лоиқ донист, ки 2 маротиб вориди Хонаи Каъба ва меҳмони олиқадри ин даргоҳ гардад.

Ҳайкали Модари Тоҷик
Ҳама ин навишта, чун пешгуфторе буд, барои таклифи ахиринам. Мо бояд аз бузургии модароне ёдовар шавем, ки чунин қаҳрамонҳоро ба олами ҳастӣ меоранд. Баъд аз Офаридгор саҳми Модар дар тарбияву ба воя расонидани ашхоси барӯманди таърихӣ хеле бузург аст. Маҳз Модарон буданд, ки чунин родмардон арзи ҳастӣ карданд. Хидмате, ки 1 Модар ба Миллат мекунад, бо парастиш ва тарбияти 1 чеҳари таърихӣ, садҳо ҳазор олим карда наметавонанд! Лиҳозо, мехоҳам чеҳраи зебою нуронии модари Пешвои Миллатро дар шакли пайкараи ҳамаи Модарони Тоҷикони дунё, дар яке аз хиёбонҳои шаҳри гул-гулшукуфони Душанбе бубинам. Номи накӯи Вай доим вирди забонҳои мою наслҳои ояндаамон бошад ва фахр аз он кунем, ки сарвари давлати мо аз чунин модари накӯном ба дунё омадааст. Рӯҳи модаронамон шод ва дунёи охираташон обод бод. Омин!

Довудхоҷа Раҳимӣ,
узви ИЖТ, н.Шоҳмансур, тел: 98 588 58 76

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter