Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи иди саиди Қурбон ва ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ниёзманд кӯмаки хайриявӣ расонд.
Аз ҷумла, бошандагони мактаб - интернати низомаш махсуси деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор аз кӯмаки мазкур, ки иборат аз маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар маводи ғизои иборат буд, баҳравар гардиданд.
Иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои қадимаи мо мардуми мусулмон мебошад, маҳз дар ин рӯзҳо Хадамоти гумрук ба хона - интернат пайваста кӯмакҳои хайриявии худро мерасонад ва толибилмонро бо фарорасии ид табрик менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон