Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда дар Тоҷикистон ва сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ сертификати узвияти IATA - Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро гирифт. Сертификати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 муваффақона аз аудити ИКАО гузаштааст, дастгирии воқеӣ мебошад.
Томас В. Ҳаллам II, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита бо ин рӯйдоди муҳим изҳор дошт:
- Мо бо ин дастоварди деринтизорамон мефахрем. Узвият дар IATA марҳалаи навест дар таърихи музаффариятҳои ширкати «Сомон Эйр» ва куллан Авиатсияи граждании Тоҷикистон. Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии мо ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасони, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти оперативӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд, гуфт мавсуф.
Яке аз бартариятҳои асосии узвияти ширкати «Сомон Эйр» дар IATA - имкони бастани қарордодҳои интерлайн ва код-шеринг бо интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбари байналмилалӣ хоҳад буд. Ин ба ширкат интиқоли мусофирон ва бағоҷро ба тамоми самтҳои зарурии берун аз доираи хатсайрҳои «Сомон Эйр» имкон медиҳад.
Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA - ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 275 ширкати ҳавопаймоӣ аз 119 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
СОМОН ЭЙР БА IATA ШОМИЛ ГАРДИД
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар