Дирӯз, 7 сентябр, дар ноҳияи Панҷ баъди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии ҶТ ва ҳангоми сар додани салют 3-4 нафар хонандагони мактабҳои миёна ҷароҳат бардошта, дар Беморхонаи марказии ҳамин ноҳия бистарӣ шудаанд. Тибқи нақли шоҳидон, баъде, ки салютро ба ҳаво сар медиҳанд, яке аз онҳо нохост самти ҳаракатро тағйир дода, ба замин-болои сари мардум рехтааст. Ҳамчунин, 1 салюти дигар ба дарахти арча бархӯрда, арчаро сӯзондааст. Тибқи нақли шоҳидон, дар ин чорабинӣ раиси вилоят-Давлатшо Гулмаҳмадзода низ ҳузур доштааст. Иловатан, мардуме, ки маҷбуран ва соатҳои тӯлонӣ зери гармии тақатфарсо дар майдон истодаанд, аз хурӯҷи бемории зоб аз ҳуш рафта, дар Беморхонаи ноҳия зери табобат қарор доранд. Ин хабарро сардухтури ноҳия-Нурмаҳмад Умронов дар сӯҳбат бо СССР тасдиқ кард.
Баҳодур Уроқов, СССР