ХАБАРИ ДОҒ


Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Сӯҳбати имрӯзаи мо аз сардабир аст ва бурду бохти СССР дар 09х09х09. Яъне дар 9 сентябр мо 9-сола мешавем. Ва инак ун сӯҳбат:
-Ман ҳамеша дар орзуи нашри 1 рӯзномае будам, ки тавонад тамомии журналистони соҳибкасб ва ворастаро сарҷамъ орад. Агар ба навиштаҳои хабарнигорони мо (саҳ. 3-12) таваҷҷӯҳ кунӣ, хонанда, тамомии кормандони СССР аз А то Я федерол ва маргеналанд, ки бо сабаби саркашӣ, соҳибфикрӣ, ворастагӣ, ёғигӣ… ё аз кор рафтаанд ё онҳоро «равондаанд». Усулан, ман, ки худ ёғӣ ва саркаш будаму аз маъруфтарин ниҳоди хабарии олам-Озодӣ истеъфо додаам, чунин афродро дӯст медорам. Зимнан, онҳоро ба кор гирифтам. Ин дар ҳоле буд, ки дигарон метарсиданд дар бархе маворид бо онҳо ҳатто сӯҳбат кунанд…
Вале ман медонистам, ки Тоҷикистон рӯи ана ҳамин ёғиву саркашу якравҳо поянда аст. Зимнан, бо кулли ин қалам-сар-кашон корро маҳз дар рӯзи Истиқлолият 09.09.2008 сар кардем. Аз чӣ???

Ману Сафват Бурҳонов-асосгузорони СССР, ҳамагӣ 1 ноутбук доштем! Кабинетро ба мо Самариддин Асозода-сардабири Ҷавонони Тоҷикистон дод. 1 дафтари 1,5 ба 2 метр. 6-7 курсиро Раҷаби Мирзо овард, ки ягона мерос аз Рӯзи Наваш буд. Абдувоҳиди Зевар аз куҷое 1 мизи ларзон ёфт. Умед-раиси нашриёти Мушфиқӣ ваъда кард, ки то пул ёфтан, газетаро чоп мекунам. Апаи Гулчеҳра камарашро мустаҳкам баст, ки бе пул газетаҳоро тақсим менамоям… Ва корро сар кардем!
Тамомии элитаи журналистика бо мо 1 шуд ва воқеан ҳам мо газетае кардем, ки дорем ва ҳоҷат ба муаррифии бештаре нест...

Журналистони музофотии мо низ саркашу ёғӣ буданд. Раҳими Ашрофи раҳматӣ вилояти Суғдро такон медод. Барои Миллат, Ватан ва Президент! Ин шиори ӯ буд ва аз теғи қаламаш ягон ҳатулкор, хоин, ватанфурӯш эман намемонд. То рӯзи маргаш 1 тин маош нагирифт. Худ бизнесмени муваффақ буд ва мегуфт, «кор дар СССР барои роҳати виждон аст, на маош!».
Имрӯз, шукри Худо, шукри Истиқлолияти Давлатӣ, шукри ҳамкасбон ва шукри ту, хонандаи ин сутур, ки 9 сол бо моӣ, СССР яке аз муваффақтарин расонаҳои миллист.


СССР ягон газета на танҳо дар Тоҷикистон, ки дар тамомии Осиёи Марказист, ки хабарнигори расман номнависшудаи худро дар Кремл дорад. Шамсиддин Бобоеви мо дар брифингҳои Мария Захарова, дар Кремл, ҳамеша фаолона иштирок ва манофеъи Тоҷикистонро ҳифз мекунад.
СССР лоиҳаи бузурги гурӯҳи 40-нафараи Хабарнигорони Мардумиро роҳандозӣ кард, ки гунае аз лоиҳаи «мухбири ғайриштатӣ»-и журналистикаи советист. Рӯиҳамрафта, мо проекти Ихвон ал СССР-ро рӯи даст дорем, ки дар тӯли ин 9 сол даҳҳо ҳазор нафар узви он буд. Ихвон ал СССР созандагони воқеии Ватананд ва мо бо ҳар яки шумо ифтихор дорем.
Мо Метавонем!


Бо дуруду паёми идайн-Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи таъсисёбии газетаи СССР,
Сайёфи Мизроб-дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР-и шумо...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter