Дар ин бора Қодир Вализода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ ба «СССР» хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, соҳилмустаҳкамкунии рӯди Панҷ бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд. Вале кор дар ин самт ниҳоят суст мерафт. «Бо иллати набуди маблағ ва масолеҳи сохтмонӣ дар он сол сохтмончиён ҳамагӣ 300 адад кубикҳои бетонӣ рехта, як масофаи хеле хурди соҳилро мустаҳкам карда буданду бас. Имсол бошад, аллакай наздик ба 20 ҳазор кубик тайёр гаштаву дар назди соҳил, дар мавзеъҳои хатарзо омода шудаанд», гуфт Вализода.
Сабаби дар ин сол фаолияти хубу пешрафтро дар мавриди тайёр кардани кубикҳои бетонии соҳилмустаҳкамкуниро ҷаноби раис дар сари вақт маблағгузорӣ гаштан медонад. Ӯ афзуд, «дар ин маврид мусоидати бевоситаи Президенти кишвар буд, ки кор дар ин самт ҷоннок гардид. Баъди як вохӯрии сатҳи давлатӣ, намояндагии Маркази Имдод ва корҳои башардӯстонаи подшоҳ Салмон, шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бар худ гирифт то барои соҳилмустаҳкамкунии рудхонаи Панҷ дар н.Ҳамадонӣ аз ҳисоби фонди хайрияи худ ҳиссагузор бошад».
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир барои соҳилмустаҳкамкунии рудхонаи Панҷ дар масофаи 22 км ва обпартои Чубекча дар масофаи 2 км 6 корхонаи сохтмонӣ кору фаолият дошта, наздик ба 20.000 кубики саддгузории бетонӣ омода намудаанд. Барои ташхиси сифати маҳсулот аз ҷониби маблағгузор Маркази Имдод ва корҳои башардустонаи подшоҳ Салмон 2 тан аз муҳандисони ин Марказ рӯзи 20 сентябр омада, маҳсулоти истеҳсолшударо қабул ва маблағгузорӣ намудаанд.
Ёдовар мешавем, Панҷ яке аз дарёҳои сарпечу пуроби ҷумҳурӣ буда, ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон сатҳи оби он баланд шуда, соҳилҳоро рахна зада, барои сокинон ва заминҳои наздисоҳилӣ зарарҳои назаррас мерасонад. Соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин руд аҳамияти стратегӣ дорад, ки дар сатҳи Ҳукумат аз он изҳори нигаронӣ намудаанд. Тибқи лоиҳаи пешакӣ, дар ин рудхона инчунин 50 адад шпораҳои бетонӣ бо пайванди 100-200 кубики бетонӣ, бо вазни ҳаряки он аз 200 то 300 тонна, ки барои паст намудани шиддат ва тобиши оби дарё нигаронида мешавад, бунёд хоҳад гашт. Ба гуфтаи раис, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ё ба истилоҳ кубикхобонӣ, бо паст гаштани сатҳи оби дарё оғоз шуда, то моҳи феврали соли оянда пурра ба анҷом мерасад.
Аслиддин Достиев,
Кӯлоб, СССР