Дар ин бора аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии (ШВКД) н.Восеъ ба СССР хабар доданд. Тибқи иттилои расида, шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соатҳои 2:30 дақиқаи нимаи шаб 1 автомашинаи тамғаи Камаз, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар рустои Қурбоншаҳиди н.Восеъ ба болои рамаи гусфандон, ки аз ҳамин шоҳроҳ мегузашт, баромадааст. Дар натиҷа 52 сар аз гусфандон зери чархи автомашина монда, ба ҳалокат расидаанд. Бино ба хабар, рамаи гусфандон мутааллиқ ба 1 хоҷагии давлатии н.Панҷ будааст, ки аз чарогоҳи тобистона бармегаштаанд. Аммо дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аз ин садамаи марговари ҳаявон изҳори нодонӣ карданд. Абдусалом Искандарзода, сардори ин мақомоти давлатӣ тариқи тилфонӣ гуфт, ки аз ин ҳолат ҳанӯз (соати 12-и нимаи рӯз) маълумоте нарасидааст.
Гуфта мешавад, ҳамин шабу рӯз рамаи зиёди гусфандон аз чарогоҳҳои саҳроии тобистона, ба истилоҳ айлоқ, баргаштан доранд. Мутаассифона, ҳамаи ин рамаҳо то ба манзил расидан танҳо ба воситаи шоҳроҳи нақлиётгард мераванд. Ин рамарониҳо дар зиёд маврид хатар ба ронандагон доранд ва боиси садамаҳои нақлиётӣ ҳам мегарданд. Тахминан 16 рӯз пеш, охири моҳи сентябр низ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар рустои Хуррамзамини н.Данғара, тақрибан соатҳои 12-и шаб 1 автомашинаи сабукрав ба рамаи гусфандони болои шоҳроҳ ҳаракатдошта бархӯрда, дар натиҷа беш аз 20 сар гусфандро ҳалок мекунад. Нақлиёти сабукрав ҳам зарари ҷиддии техникӣ мегирад. Дар ин маврид кӣ гунаҳкор аст, номаълум боқӣ мемонад. Дар ҳар сурат, подабонҳо товони зарари молашон доранду соҳибони нақлиёт ҳам рамадоронро гунаҳкор медонанд.
1 садамаи нақлиётӣ беш аз 50 кушта боқӣ гузошт
Дар натиҷаи 1 садамаи нақлиётӣ дар н.Восеъ 52 сар гусфанд ба ҳалокат расид…
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар