Дар газетаи СССР (24.08.2017, №34(467) мақолаи сардабир С.Мизроб «Паспортро супурдан ба маънии патриот шудан аст?»-ро хонда ба андеша фурӯ рафтам. Муаллиф дар бораи ба нафақа баромадани генералу полковникҳо муҳокимаронии дуруст намуда, гуфтааст, ки «… парлумон нафақаро лаҷом задааст ва меъёр гузоштааст». Ӯ дарди ҳазорон нафарро, ки аз 1.01.2017 ба нафақа баромадаанд, изҳор намудааст. Ман низ аз ҷумлаи шахсони дар с.2017 ба нафақа баромада мебошам. Дорои маълумоти олӣ ва хизматчии давлатиям. Ҳамагӣ 415 сомонӣ нафақаи пиронсолӣ мегирам: ними обедпулии 1 вакили мардумӣ, ё директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ. Бо ин нафақа, ки барои хариди дору, барои табобатам басанда нест, чи тавр зиндагиро пеш барем? Фикр мекунам, ки вакилон ва муҳтарам директори Агентӣ дар солҳои охир ягон бор ба ягон бозор рафтагӣ нестанд. Агар мерафтанд, медонистанд, ки нархи дору, 1 кг картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, 1 халта орду 1 кг равған ва қанди сафед чанд сомонист ва пеш аз қабули қонун дар бораи нафақа, ки онҳо онро бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.03.2013, таҳти №90 овоз дода, қабул ва бо фармони худ аз 5.02.2016, таҳти №11 тасдиқ кардаанд, перомуни ояндаи нафақахӯрон каме фикр карда, дар дами пиронсолӣ муҳтоҷ ва дастнигар намекарданд.
Агар ҳоли хизматчии давлат ин аст…?
44 сол собиқаи корӣ дорам, ки аз ин 13+4 солаш хизматчии давлатӣ аст. Барои нафақаи хизматчии давлатиро гирифтан бояд 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатии тоза бошад. Вале ман 13+4 (аз ин 4 солаш бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз рӯи зарурат дар 1 вақт дар 2 вазифа кор кардам), яъне 17 сол собиқаи хизматчии давлатӣ дорам. Дар кор ба бемории катарактаи чашм (2 бор ҷарроҳӣ ва 3 бор бо лазер чашмамро сӯзонданд) гирифтор шудаму 380 сомонӣ нафақа таъйин ва 6 моҳ пас аз нафақаи маъюбӣ таъин ва сипас аз вазифаи хизматчии давлатӣ озод карданд. 3 моҳ пас аз озод намудан аз кор ВТЭК-и минтақаи Кӯлоб бо сардории Қ.Хоҷаев нафақаи маъюбиамро низ бо баҳонаи «Мо план дорем» барҳам дод. Чӣ кор кунам? Касе арзатро гӯш намекунад! Ба куҷоҳое муроҷиат накардам… Ба ман нафақаи хизматчии давлатиро намедиҳанд ва ягон имтиёз надорам. Мегӯянд, ки 2 солат намерасад. Дар ҳеҷ куҷо дигар арзатро гӯш намекунанд.
Вакилони муҳтарам, вақте овоз дода, қонунро қабул намуданд, 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ, 180 моҳ ва бисёр дигар нофаҳмиҳои подарҳаворо аз куҷо гирифтанд? Чаро фикр накарданд, ки хизматчии давлатӣ одам аст, ӯ бемор мешавад, мемирад. Чаро онҳо барои 10, 12, 14 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ ягон имтиёз нагузоштанд? Бигзор 100% не, 60, 70, 80, 90% ӯро ҳамчун хизматчии давлатӣ имтиёз диҳанд. Магар ин аз рӯи адолат ва инсоф аст, муҳтарам вакилони мардумӣ ва директори Агентӣ?
Ё ин ки метарсед, пул мераваду давлат камбағал мешавад? Давлатро аз ҳисоби нафақа бой карданӣ ҳастед? Ҳақ аст, С.Мизроб, ки мегӯяд: «Ин рӯз ба сари шумо ҳам меояд».
Одина Баротов,
нафақахӯр, н.Муъминобод