Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» тасмим гирифтааст бо мақсади кушодани хатсайри нав Душанбе-Сеул-Душанбе санаи 31.10.2017 аз Душанбе ба Сеул парвози техникӣ анҷом бидиҳад.
Бино ба иттиллои Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати номбурда, парвози нахустин дар ин самт ба рӯзи 31.10.2017 соати 9:00 ба нақша гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки парвоз дар масири Душанбе_Сеул-Душанбе дар чаҳорчӯбаи созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар самти рушди хамкориҳои авиатсионӣ ва ҳамлу нақли мусофирони 2 кишвар амалӣ хоҳад ёфт.
Инчунин, дар ҳамин рӯз-31 октябр ифтитоҳи хатсайри самти Кӯлоб–Москва–Кӯлоб баргузор мегардад. Ширкати «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвозҳоро ба роҳ мондааст. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, хатсайрҳо тавассути ҳавопаймои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.
СССР