Имрӯз бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ аз болои муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукӯҳро мавриди истифода қарор дод. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ қомат афрохт ва солҳои охир масъалаи таъмиру азнавсозии он ба миён омада буд. Бо назардошти таъмирталаб будани он бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз 2 даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукӯҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.
Ба истифода додани боғи Айнӣ пас аз таҷдид
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар