Рӯз то рӯз биноҳои нав дар ш. Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ин кишвари рӯ ба тараққӣ қомат афрохта, ба ин кишвари ҷавон зебоии дигарро зам менамояд. Аммо монеае, ки дар рафти кору фаъолият садди роҳи маъюбон мешавад, ин дастрас набудани биноҳо ва ҷойҳои ҷамъиятист. Дар пойтахти кишварамон ш. Душанбе бисёр биноҳои баландошёна сохта шуда истодаанд, ки дар баъзеи онҳо талаботҳои маъюбон ба назар гирифта шуда, яъне пандус (роҳравҳо), лифт сохта шудаст.
Пандус. Мувофиқи талаботи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 35-01-2012); Душанбе-2014 ҳангоми сохтани пандус (роҳрави маъюбон), лифт, зинапоя ва тавваққуфгоҳ чунин қоидаҳоро бояд риоя кард: Баландии максималии як печи пандус набояд аз 0,8 м зиёд бошад. Дар ҳолатҳои махсус пешбинӣ кардани пандуси морпеч ҷоиз аст.
Дар роҳҳои ҳаракати маъюбон ва дигар гурӯҳои камҳаракати аҳолӣ зинаҳои зинапояҳо бояд яклухт, ҳамвори бебарҷастагӣ ва сатҳи дурушт бошанд. Дастакҳои пандусҳо чун қоида дар баландии 0,7 ва 0,9 м, дар назди зинапояҳо дар баландии 0,9м, дар муассисаҳои то мактабӣ инчунин дар баландии 0,5 м ҷойгир аст.
Лифт. Параметрҳои кабинаи лифте, ки барои истифодабарии маъюбони савораи аробачаи маъюбӣ пешбинӣ шудааст, бояд андозаҳои дохилии на кам аз андозаҳи бар-1,1; чуқурӣ -1,4 м. дошта бошад. Барои сохтани биноҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии нав истифода бурдани лифтҳои дорои бари холиҷои дари даромадашон на кам аз 0,9м тавсия дода мешавад. Дар ошёнаҳои зербино ва таҳхонаҳо пеш аз дари лифт барои маъюбон сохтани даҳлез-шлюзҳо зарур аст.
Таваққуфгоҳ. Дар таваққуфгоҳи кушоди инфиродӣ дар назди муассисаҳои хизматрасонӣ на кам аз 10,% ҷой барои нақлиёти маъюбон бояд ҷудо карда шавад ва ин ҷойҳо бояд бо аломатҳоидар амалияи байналхалқӣ қабулкардашуда ишора шаванд. Дар наздикии даромадгоҳ, вале на дуртар аз 50 м, дар ҳолати бинои истиқоматӣ бошад, на дуртар аз 100 м ҷойгир кардани нақлиёти шахсии маъюбон, ки барои онҳо дастрас аст, мувофиқи матлаб аст.
Боварии комил дорем, ки ин ва дигар масъалаҳи маъюбон оҳиста-оҳиста дар ҷомеаи мо ҳалли худро меёбанд ва онҳо низ дар ҷомеа ҳамчун шахси комилҳуқуқ ба сар бурда, дар пешрафти ватпни азизамон саҳми худро мегузоранд.
Анора Мушкиева,
Махсус барои СССР