ХАБАРИ ДОҒ

Оши палав бо нитрати натрий 4 касро кушт

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


   Кормандони ҳифи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд қазия марги 4 нафар сокини маҳаллаи 19-уми шаҳр ва заҳролуд гаштани боз чанд каси дигарро пас аз хӯрдани оши палав дар рӯзи 30.12.2017 мавриди тафтиш қарор дода, айни замон муайан карда истодаанд, ки чӣ гуна моддаи нитрати натрий ба оши палав роҳ ёфтааст.
   Бино ба иттиллои маркази матбуоти дастгоҳи раиси ш.Хуҷанд, дар асл,  тибқи  маълумоти мақомот, шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, маҳаллаи19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки ӯ ҳам аз он таъом истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли ош шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон бемориро ҳис менамоянд ва ба худмуолиҷа машғул шуда,  то соати 22:00 дар хонаи худ меистанд. Баъдан мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳр Хуҷанд фавран бистарӣ мекунанд ва аз тарафи духтурон меъдаи беморонро мешӯянд.
   Тақрибан соатҳои 23:55  тариқи «Ёрии таъҷилӣ»  боз 1 бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба беморхонаи мазкур оварда шуд, ки аз вай Бахтиёр Муртазоев сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 ном бурда мешавад. Ӯ низ аз оши ҳарифона истеъмол намудааст.
Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар 3 бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тасфи бадан, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд. Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона 8 нафар иштирок дошта, фавран боз 2 нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шӯъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд. Аз тарафи Маркази экспертизаи  судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифона номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрити натрий истифода шудааст.
   Мутаасифона шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter