ХАБАРИ ДОҒ

Соли 2017 – соли фаровонӣ дар Хатлон

  • Ҷумъа, Янв 05 2018


Дар соли 2017 аз ҳисоби истеҳсоли маҷмӯи умумии маҳсулот дар вилояти Хатлон, ба буҷа11 миллиарду 829 ҳазору 493 сомонӣ ворид гаштааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 778 млн 922 сомонӣ зиёд мебошад. Қаҳҳор Усмонов, сардори Раёсати чорводорӣ ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки  соли 2017 барои кишоварзони хатлонӣ соли хуб ва бобарор буд.
Бино ба иттиллои Қаҳҳор Усмонов, соли гузашта кишоварзони хатлонӣ 476 ҳазору 501 тонна ғалладонагӣ, 16 ҳазору 23 тонна ҷуворимакка, 247 ҳазору 211 тонна пиёз, 42 ҳазору 308 тонна сабзӣ, 3 ҳазору 533 тонна бодиринг, 555 ҳазору 344 тонна помидор, 70 ҳазору 441 тонна картошка, 292 ҳазору 721 тонна полезиҳо ва  68 ҳазору 58 тонна мевагӣ истеҳсол намуданд..

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter