Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии в.Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.
Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро ба Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси в.Суғд тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ирсол намоянд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати в.Суғд, муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.
…хост дар Хуҷанд 1 миллион лола шинонанд
Инчунин, аз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси в.Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам шаҳрро зеб бубахшанд.
Масъулини гармхонаи муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд парвариш мекунанд. Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили "Петуния", "Катарантус", "Салвия", "Марҷонгул" парвариш меёбад.
Тибқи иттилои масъулин, давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида мешавад.
СССР