Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат овозаҳои мардумиро дар бораи бордор кардани занҳо бо роҳи сунъӣ аз марди бегона, рад намуда, таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон занҳо танҳо аз шавҳарони худ бордор карда мешаванд.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи ин вазорат мегӯяд, чунин роҳи бордоркунии сунъӣ, ки тайи чанд соли охир дар ҷумҳурии мо ба роҳ гузошта шудааст, бо назардошти аҳкоми диниву фарҳангии миллӣ сурат мегирад, яъне зан фақат аз шавҳари хеш бо роҳи сунъӣ бордор мешавад, на аз марди дигар. Бордоркунӣ бо роҳи сунъӣ $5000 нарх дошта, он назар ба кишварҳои дигар ба маротиб арзонтар аст. Бино ба иттилои ӯ то ба имрӯз бо истифода аз ин усул беш аз 200 оила соҳиби фарзанд гашта, аз истифодаи ин таҷриба розиянд.
СССР