Наврӯзи соли 2018 дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар доир мегардад. Дар баргузории наврӯзи байналмилалии имсола иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Бохтар масъулин вобаста гардида, ҳамарӯза кор бурда истодаанд. Имрӯз, 21 феврал, ба хотири дидан намудан аз омодагӣ ва сатҳи таёрии баромадкунандагони чорабинии мазкур раиси шаҳри Бохтар-Исмоилзода Абдуалим дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштирокдорони чорабинӣ ва масъулон вохури доир намуда, аз рафти омодагӣ дидан кард.
СССР вилояти Хатлон