ХАБАРИ ДОҒ

1,60 дирам-роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ

  • Ҷумъа, Фев 23 2018

Тағйирот дар нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, ки тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 19.02.2018 ворид карда шуд, боиси сар задани нофаҳмиҳо байни мусофирон ва ронандагони автобусу микроавтобусҳои хатсайрҳои ш.Душанбе гашт. Аз ин лиҳоз, шаҳрдорӣ тасмим гирифт боз 1 маротибаи дигар тарифҳои хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро дида баромада, иҷрои қарори мазкурро то 1.03.2018 мавқуф гузорад.
Бояд қайд намоем, ки тағйирот дар тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аз 20.02.2018 сурат гирифта, тибқи он нархи роҳкиро дар троллейбус барои 1 нафар 1 сомонӣ муқаррар карда шуд. То ин дам ин нарх 70 дирам буд, аммо мусофирон дар аксар вақт 1 сомонӣ дода, бақияи худро намегирифтанд.
Нархи роҳкиро барои 1 нафар дар автобус 1 сомониву 20 дирам муайян шуд, вале қаблан низ ин нарх ба таври расмӣ чунин буд, аммо мусофирон ва кондукторҳо аз баҳри 20 дирам баромада, роҳкироро 1 сомонӣ ҳисоб мекарданд. Аз ҳама бештар нофаҳмиҳо дар тарофаҳои нави микроавтобусҳо, ки минбаъд 1 сомониву 60 дирам муайян шуд, пеш омад. Солҳост, ки мусофирон ва ронандагон новобаста аз қарори шаҳрдорӣ тарофаҳои хешро дар ин самт гузошта, то нисфи роҳ 1 сомонӣ ва то охири хатсайр 2 сомонӣ мепардохтанд, ҳол он, ки нархи расмӣ 80 дирам ва 1 сомониву 60 дирам буд. Ҳамакнун, нархи роҳкиро дар микроавтобусҳо 1 сомониву 60 дирам шуд ва мусофирон новобаста, ки 1 истгоҳ мераванд ё 10 истгоҳ, бояд ҳамин маблағро пардозанд.
Роҳкирои микроавтобусҳои хатсайрҳои наздишаҳрӣ, аз ҷумла, хатсайрҳои №№30, 39, 41 2 сомонӣ муайян шуд. Ин ҷо низ мардум эътироз намуд, зеро нархи роҳкиро дар хатсайри №30, ки аз Гулбутта то Маркази нақлиёт-Автосентр ҳаракат мекунад ва ин масир ҳамагӣ аз 2-3 км иборат аст, 2 сомонӣ гардид, ки барои ин фосила хеле зиёд аст. Бори охир нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе с.2011 боло бурда шуда буд.


СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter