Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ташаббусеро дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр” пеш гирифта, маъюбону нафақахӯронро ба сайри пойтахт баровард.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти кумитаи мазкур ба мухбири мо расида, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ экскурсияи худро аз маҳаллаи 8-уми март сар карда, аз майдони 800 солагии Москва, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, боғи “Парчам”, боғи Устод Рӯдакӣ, боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд. Баъдан барои онҳо дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон-ш.Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, дирӯз рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил гардид.
Нафақахӯронро ба сайри пойтахт бароварданд
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар