ХАБАРИ ДОҒ


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» дар давраи 10 соли амали худ барои мардум хеле манфиатбахш буд, вале бо мурури замон он беҳбудӣ, такмил ва тағйироту иловаҳоро талаб менамояд. Вобаста ба ин таклиф менамоям:
1.Пеш аз ҳама ҳайати комиссияҳои танзим пурқувват карда ва шумораашон зиёд гардида, шахсоне аъзои он бошанд, ки маълумоти олӣ дошта, аксарашон собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанду поквиҷдон ва принсипнок!
2.Дар кишварамон анъанаю маърака ва маросимҳо чунон бисёранд, ки аксари онҳо арзише надоранд, танҳо 1 амалу кори бефоидаю бемаъниянд. Барои ҳамин дар матни нави Қонуни танзим ҳамаи анъанаю маъракаю маросимҳои нолозим пурра нишон дода шаванд, чунки мардум чунон қонундон шудаанд, ки ба ҳар калима эрод мегиранд.
3.Одати бад ва беақлонаи дигари мо ин аст, ки ба хонаи домод аз паси арӯс 10-15 нафар, ҳатто баъзе мавридҳо 25-30 зану духтар, янга шуда меравад. Инро манъ кардан лозим!
4.Ҳоло байни мардум қоидаи нонавиштае ҷорӣ шудааст, ки фикр мекунӣ, арӯсакон ва занҳои Тоҷик ақлу фаросатро аз даст додаанд. Онҳо падарону модарони худро маҷбур месозанд, ки барояшон тамоми ҷиҳози рӯзгор-кӯрпаю кӯрпача, таксарию қолин барои 2 кати хоб, диван, кресло, шифонеру шкаф, ТВ, мошинаи либосшӯӣ, чойнаку сатилу тағора ва дигар асбобҳои рӯзгорро пайдо намуда, ба хонаи домод фиристанд, то ин ки назди хусуру хушдоман худро сарбаланд донанд, аммо фикр намекунанд, ки падари заҳматкаши худро зери бори гарони қарз мегузоранд ва падари бечора доимо дар андешаи ҷамъ овардану баргардондани маблағи қарз мешавад. Рӯзгори вазнинеро аз сар мегузаронад. Ман фикр мекунам, ин одати бемаънӣ ҳам аз байн бардошта шавад.
5.Як одату расми номақбули дигаре, ки мо дорем, ин амали рӯкушоён ва ордбезон аст. Ҳамин маъракаро низ занҳо ташкил мекунанд ва хароҷоти зиёд дар пай дорад. Ин маърака ғайр аз худнамоӣ чизи дигаре нест.

Домод 40.000: Арӯс 100.000…!
Ҳоло бароятон аз хусуси ҳарҷи пулу молу ускуна дар тӯйи арӯсиву домодӣ мегӯям. Тарафи домод ба тарафи арӯс аз 2 то 3000 доллар, ё худ 18-25 ҳазор сомонӣ медиҳад. Тарафи домод барои гузаронидани тӯйи худ камаш 1500-2000 доллар (13-18.000 сомонӣ) хароҷот мекунад, ки ҷамъи хароҷот ба 31-40.000 сомонӣ мерасад. Аммо тарафи арӯс боз бештар харҷ мекунад. Тӯйу сур як бало, хариди колои арӯсӣ бо тамомии ҷиҳози хона то 80-100000 сомонӣ мерасад!
Агар шахс 1000 сомонӣ маоши ҳармоҳа дошта бошад ва он оила ҳеҷ чизе нахӯраду нанӯшад, 7-8 сол лозим аст, ки пул ҷамъ орад то фарзандашро оиладор кунад. Шумо-хонандагони азизро намедонам, вале ман ҳеҷ фаҳмида натавониста истодаам, ки куҷои ин маърака танзим шудааст?
Барои ҳамин дар Қонун нишон дода шавад, ки шаҳрвандон аз давраи маслиҳат-фотиҳа кардан ба Комиссияи танзим хабар диҳанд ва ҳам аз ҷониби домод ва ҳам аз ҷониби арӯс намояндагони Комиссияи танзим ва шӯрои маҳалла дар ин чорабинӣ иштирок ва харҷу сарфи тӯйро муайян кунанд. Агар маъракадорон ин талаботро риоя насозанд, пас ба гузарондани тӯй умуман иҷозат дода нашавад.

Комрони Далер,
ш.Бохтар, тел: 919 28 30 00


Аз СССР: Нимҳазлу нимшӯхӣ: барои кам кардани харҷи тӯй ва риояи Танзим бояд зани…рус ё аврупоӣ гирифт!!! Зани Тоҷик то вақте ҳаст, аз худнамоӣ даст намекашад ва қонуни танзим то бар ҳадди зиндонӣ кардан низ сахт шавад, Танзим на-ме-ша-ваддд. Инро аз таҷрубаи талхи худи мардони Тоҷик мегӯем. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter