Фарҳод Калонов-президенти клуби мототсиклсаворони Тоҷикистон бо мошинаш ба 50 кишвари ҷаҳон сафар мекунад. Ба гуфтаи ӯ, 2 моҳ аст, ки дар сафар асту Русия 16-умин кишварест, ки вай сафар мекунад. Ба гуфтаи сайёҳ мошин барои ӯ мисли манзилест, ки дар он тамоми шароитҳо муҳайёст: ошхонаву ҳамом дораду ҷойи хобаш ҳам мошинаш аст. Ба гуфтаи вай, аввал ӯ бо ду фарзандаш ба роҳ баромада буд. Бо онҳо 7 кишварро саёҳат карду аз Туркия писаронашро ба Тоҷикистон гусел кард. Ин гардишгари тоҷик дар рафти саёҳати ҷаҳон ба бештар аз 50 кишвар сафар карда, 100 ҳазор километрро тай хоҳад кард. Ӯ як сол дар саёҳат мегардад. Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосиаш кӯмаки башардӯстона мебошад. Вай сафарашро рӯзи 1 июл — Рӯзи ҳифзи умумиҷаҳонии кӯдакон оғоз кардааст.
Калонов ба сафари калон баромаданист
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар