Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон маълум, ки тибқи супориши Сарвари Давлат то ҷашни таърихсози миллат - 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз кӯчаю деҳ корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ҷумҳурӣ сурат мегиранд. Аз ин рӯ, Сарвари Давлат бештар вазирону раисон, мансабдорону маъмурони пулдору молдорро даъват кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ 70%-и аҳолии н.Фархор ҷавононанд. Пас моро лозим аст, ки тарбияи дурусти онҳоро аз кӯдакию наврасӣ ба роҳ монем, то оянда шикоят накунем, ки чаро баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шуданд?
Мушкили №1 дар шаҳраки Фархор ин набуди майдончаи (варзишӣ не!) бозӣ дар назди баландошёнаҳо барои кӯдакон аст. Зеро баландошёнаҳо дар чорроҳаи мошингард қарор дорад. Хушбахтона, дар замони Шӯравӣ дар назди биноҳо майдончаҳои хоси бозӣ барои кӯдакон бо тамоми шароиташ мавҷуд буд, ки аз он кӯдакон дилхушона, бо завқи зиёд истифода мекарданд. Мутаассифона, имрӯз аз он майдончаҳо нишоне намонда, қитъаҳои атрофи биноҳо шахсӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҷои бозии кӯдакон дар дохили хона, даромадгоҳҳои бино, саҳни ҳавлӣ маҳдуд аст. Ҳар рӯз аз пушти кӯдакон ҷангу хархаша аст. Пас кӯдакон дар куҷо бозӣ кунанд? Ҳар оила 3-4 кӯдакӣ дорад. Ҳатто ҷои нишаст нест. Дар ин мавзӯъ 2 бор навишта, бо дасти худам нусхаи онро ба ҳукумати ноҳия низ супоридам, вале масъулонро парвое нест. Ҷонишинон гуфтанд, ки ноҳия чунин маблағ надорад. Фақат аз ҳисоби бошандагони бино сохтани майдончаҳо мумкин асту халос. Наход Ҳукумати ноҳия барои намуна 1 майдончаро ба воситаи соҳибкоре сохта ба истифода дода натавонад, то мардуми камбизоат ҳис кунад, ки ҳукумати маҳаллӣ низ нисбати онҳо таваҷҷуҳ мекардааст?
Вазифаи раиси маҳалла фақат пул ҷамъ кардан аз кабизоатон нест, балки бо соҳибкорон робитаи мустаҳкам дошта бошанд. Бо чунин бетаваҷҷуҳӣ аз ояндаи кӯдакон чиро интизор шавем? Воқеан агар хоҳем, ки кӯдакон оянда шахсони солиму бардам, ватандӯсту ҳисси баланди миллидоштаро ба камол расонем, ҳатман майдончаҳои бозии кӯдаконро барқарор бояд намуд. Дар акси ҳол чи гуна метавон аз боби иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳарф зад?
Таваралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор