-Салом ба аҳли қалами газетаи дӯстдоштаи мо СССР! Ман Ясриб Каримов, сокини ш.Бохтар, рӯзи 16 сентябр барои ширкат дар тӯйи домодии дӯстам ба ш.Кӯлоб рафтам. Даъвати самимии дӯстамро барои шабгузаронӣ дар хонаи ӯ рад карда, хостам ба Бохтар баргардам, вале мошин пайдо нашуд. Шабро хостам дар меҳмонхонаи «Чанор» рӯз кунам, ҷои холӣ набуд ва омадам ба меҳмонхонаи «Хатлон». Зани хоболуде маро бо 1 бародари дигар дар 1 хона ҷой дод. Хонаи 4, табақаи 3. Нархаш гарон не, вале шароиташ хеле бад. Аввал хостам пойафзоли сабук пӯшам, набуд. Пои луч ба ҳаммом рафтам, об сард, собун ва коғази ташноб нест. Гулбаҳор-пешхизматро садо карда гуфтам, ки ин ҷо на сачоқ асту на собун ва тирезаҳо хуб маҳкам намешавад. Кош сачоқ намеовард, чунки хеле ифлос буд. «Постельный бельё»-и катҳо чунон чиркину рангпарида буданд, ки субҳ бархеста боз бо оби сард шустушӯ намудам, зеро бояд баданамро профилактика мекардам. Собунро аз поён, аз мағоза харида, сипас хуб баданамро шустам. Аҷобати дигар ин, ки дар меҳмонхона аз ман ҳуҷҷат напурсиданд ва нагуфтанд, ки кӣ ҳастиву аз куҷоӣ!
Ман аз мақомоти ш.Кӯлоб, ки сокинонаш аз қадим меҳмондӯстанд, пурсиданиам, ки меҳмондории меҳмонхонаҳои шумо магар ин аст!? Наход омода кардани оддитарин шароит барои меҳмонон мушкил дорад? Алалхусус, имсол, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар кишвар эълон шудаву ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд. Ман аз масъулини ҳукумати кишвар, ки барои омодагии ш.Кӯлоб ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ муваззафанд, хоҳиш дорам, нисбат ба масъалаи таҷдид ва азнавсозии меҳмонхонаи «Хатлон» дар маркази ш.Кӯлоб тасмими ҷиддӣ бигиранд, зеро бинои меҳмонхона, симои зоҳирии он ва аз ҳама муҳим сатҳи хизматрасонӣ дар «Хатлон» бо ҳарду 2 по мелангад!
Нигоштаи Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон