Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рӯзи «Фалак» сокинони вилоятро муборакбод намуда, гуфт, ки «Фалак» барои миллати тоҷик хушбахтист, ки бо адабиёт, фарҳанг ва таъриху тамаддуни худ ба оламиён муаррифӣ шудааст. Фалак, ки суруду оҳанги машҳури мардуми тоҷик мебошад, дар асрҳои 9-10 пайдо шуда, хушбахтона то ба мо омада расидааст. Бо Фармони Президенти ҶТ с.2007 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10 октябр «Рӯзи Фалак» эълон шуд, ки ҳамасола дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар давраи мавҷудияташ ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷро гардидааст. Он бештар дар ноҳияҳои кӯҳистон маъмул буда, дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, гирудори нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд зада, ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо мекард.
Аввалин нишонаҳои суруди фалак бо адабиёти сӯфия ҳамоҳанг буда, дар эҷодиёти Абусаиди Абдулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён… ба мушоҳида мерасад, ки онҳо дар гуфтугӯ бо худо ва дар намозгоҳҳои худ бо овози баланд ояту ҳадисҳои Қуръонро мехонданд. Донишманди асри 10 Фахриддини Марвӣ овардааст, ки «Мардуми атрофи Хуросон бештар вақтҳо аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд ва гоҳо аз шунидани бархе аз ин гуна сурудҳо нанг карда, рӯ ба сурудҳои кӯҳистон овардаанд». Ин кор то ҷое расид, ки суруди фалаки Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш мехонд.
СССР