Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз рӯйи самти Душанбе-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз намудва аз рӯйи Кӯлоб-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз менамояд.Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский ҳафтае се маротиба–рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва шанбе амалӣ мегарданд. Тавре интизор меравад, парвози хатсайрҳо аз Кӯлоб дар моҳи декабр рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе пешбинӣ шудааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ширкати номбурда хабар доданд, ба ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи Домодедово идома медиҳад: аз Душанбе ҳаррӯз, аз Хуҷанд ва Кӯлоб бошад ҳафтае 3 маротиба.
Директори генералии ҶДММ«Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам зикр намуд, ки «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳамкорӣ бо фурудгоҳи байналмилалии Жуковский хушнуд мебошад. Ифтитоҳи самти мазкур ин эҷоди имкониятҳои нав натанҳо барои дуҷониб, балки дар навбати аввал барои мусофирон мебошад. Боварӣ дорем, ки ин оғози ҳамкориҳои дуру дароз ва судманд мебошад, ки ба омилҳои калидӣ дар авиатсияи гражданӣ ҳамчун бехатарии парвозҳо, хизматрасонии баландсифат ва бароҳатии мусофирон равон хоҳад шуд».
Ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр»–ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки ба аъзогии IATA дохил шудааст. Айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия , Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
Фурудгоҳи байналмилалии Жуковский (Вилояти Москва) – фурудгоҳи байналмилалии Россия, дар қисми ҷанубу шарқии вилояти Москва, 23 км аз пойтахт дур ҷойгир шудааст. Фурудгоҳ дар ҳудуди аэродроми Раменское буда, хати парвозию нишасти он(5 500м) дар Европа аз ҳама дарозтарин мебошад, ки имкон медиҳад қабули навъи гуногуни ҳавопаймоҳои мусофирӣ ва боркашро амалӣ намояд.
Парвозҳои нави «Сомон эйр» аз Кӯлоб ба Маскав
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар