Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Мастон шарифов, муовини аввали директории КВД «Бозори «Деҳқон» қайд намуд, маъмурияти бозор имрӯз нарху навои бозорҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро омӯхта мебинад, ки нархи ин ё он мева ва сабзавот дар бозорҳои минтақа чӣ гуна аст. Танҳо пас аз гузаронидани мониторинги нархҳо ва ҳисоби роҳкиро то пойтахт, маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ карда шуда ба бозори «Деҳқон» ворид мегардад.
- Агар имрӯз нархи бодиринг ё помидор дар бозорҳои Хатлон нисбат ба бозорҳои Суғд арзонтар бошад, мо барои пагоҳ алакай имрӯз рафта за Қӯрғонтеппа ё дигар шаҳру навоҳири вилояти Хатлон ин намуди сабзавотро харидорӣ карда ба бозори «Деҳқон» ворид мекунем. Агар, баръакс, дар бозорҳои Суғд нарх арзонтар бошад, аз онҷо меорем ва ин корро ба хотири паст кардани нарх дар бозор ва ғановати дастархони сокинони пойтахт анҷом медиҳем ва ин амал аз ҷониби фурӯшандаҳои бозор пазируфта шудааст, - таъкид дошт Мастон Шарифов.
СССР