Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар ин сохтор пешравиҳои ҷаҳони муосир хеле зиёд аст. Табибони донишманд низ кам нестанд, аммо ҳама мушкиле, ки ҳаст ба гардани мардуми бечора меафтад. Ба наздикӣ, яъне аввали моҳи ноябри с.2018, хонуми банда бо бемории санги талхадон дар бемористон бистарӣ шуд. Пеш аз хобидан бояд аз ташхиси фармудаи пизишкон мегузашт (рентген, УЗИ, ташхиси умумии хун…). Ҳамин ташхисҳои лабороторӣ, масалан, хун (ташхиси умумии хун) бовар кунед, 200 сомонист!!! Охир, чӣ гуна мешавад, вақте музди меҳнати 1 шаҳрванд 800 сомонӣ ё нафақаи дигаре 300 сомонӣ бошаду ташхисҳои шумо 200-400 сомонӣ? Бо ин хел музди меҳнат нархи ташхисҳои шумо бояд аз 3 то 5 сомонӣ зиёд набошад!
Ин проблема кайҳост, ки дар дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ ҳалли худро ёфтааст. Масалан, дар Русия, Белоруссия, Украина, Қазоқистон ва ҳатто дар ҷумҳурии Молдава, ки иқтисодаш аз мо поинтар аст. Саволе пайдо мешавад, ки чӣ тавр? Ҷавоб: аз ҳамон музди меҳнат ё нафақае, ки мардум мегирад, 10 ё 15 сомонии дигар иловатан гирифта, ба фонди иҷтимоӣ ё Вазорати тандурустӣ (инашро органҳои қонунбарор муайян кунанд) мегузаронанд ва мардуме, ки чунин миқдор пул аз онҳо ситонида мешавад, варақа (страховой полис)-е дода мешавад. Шахси дорои чунин варақа дар ҳолати зарурӣ (беморӣ) аз он бо сари баланд истифода менамояд!
Саломатии инсон ниҳоят қимат аст ва хизмати коргарони тибро низ бояд қадр кард. Музди меҳнати коргарони тиб ва муаллимонро на 10%-15%, балки бештар аз он бояд бардошт. Дар он сурат ба назари банда коррупсия низ коҳиш меёбад. Шояд мутасаддиён гӯянд, ки муаллиф ном ва фамилияи ҳамон пизишконро нанавиштааст, вагарна онҳо ҷазои сазовор мегирифтанд? Бале, ман махсус нанавиштам, чунки дар ҳама ҷо ҳамин аҳвол аст ва инро ҳама хуб медонед! Ҳабсу аз кор рондан илоҷи кор нест. Соҳа ба реформа ниёз дорад! Муҳим ин аст!!!
Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ