ХАБАРИ ДОҒ

Чигуна маро гепотити марговар бароварданд!!!

  • Чоршанбе, Фев 13 2019


Салом ба СССР-и азиз! Ман Фаёзов Далерҷон, зодаи ш. Хуҷанд, вилояти Суғд мебошам. Мехостам дар бораи ҳодисае, ки бо ман гузашт, бароятон нақл намоям, то, ки мардум аз чунин муносибати хунукназарона ва саҳлангории бархе аз марказҳои тиббии кишвар бифаҳманду қазоват кунанд.    Санаи 13.10.2018 сол ман барои гузаштани ташхиси лабораторӣ оиди вируси гепатити DHDV ба филиали лабораторияи «Диамед», ки воқеъ дар суроғаи ш. Хуҷанд дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии ш.Хуҷанд ҷойгир аст, муроҷиат намуда, тахлилҳои лозимаро ба онҷо супоридам. Баъдан ҳамшираи шафқат (лаборантка), ки ному насабашонро намедонам, аммо бубинам мешиносам, ному насаби маро бе пурсиши шиносномаи шахсии ман қайд намуда, аз ман таҳлили хун гирифта, ба пробирка андохта, ба рӯи он рақами тартиби 3676 гузошт ва ин рақамро ба ман супорида, таъкид намуд, ки аз сабаби он, ки таҳлилҳои ҷамъ карда шударо барои гузаронидани ташхис ба бинои асосӣ, ки дар ш. Душанбе ҷойгир аст мефиристанд ва бинобар ин баъди 4-5 рӯз бо тариқи телефон хабар гирам ва агар натиҷаҳои таҳлилҳоям тайёр шуда бошад, омада гирам.
   Ман санаи 17.10.2018 ба он рақамхои телефоние, ки лаборантка ба ман дода буд, занг зада, оиди тайёр шудани натиҷаҳои таҳлилҳоям пурсон шудам, ки дар ҷавоб он кас ба ман гуфт, ки натиҷаҳои таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Шумо ба бемории вируси гепатити DHDV гирифторед ва таҳлилҳо мусбӣ баромадааст. Пас аз шунидани ин хабари нохуш пеши чашмонамро сиёҳӣ гирифту дасту поям ба ларзиш даромад, тапиши дилам зиёд гардид, давраи ҷавониам, аҳли оилаам фарзандонам ва тамоми лаҳзаҳои хушиҳои зиндагиам аз пеши назарам мегузашт, гумон мекардам, ки ҳаёти ман дар ин лаҳза тамом шуд ва марги ман наздик аст, имрӯз ё фардо ман бояд ин дунёро тарк намоям. Дастам ба ягон кор намерафт, ҳатто хуши аз хона баромадан, хоҳиши касеро дидан надоштам, танҳо фикри оилаю фарзандонамро мекардам, баъд аз сари ман ҳаёти онҳо чӣ мешуда бошад? Дар чор кунчи девори хона ин фикру хаёлҳо маро мехӯрданд, охир ман ҳоло аз ин ҳаёти ширинам намехоҳам маҳрум шавам, ман ҳоло ҷавон ҳастам ва орзую ҳаваси бисёре дорам…
    Ин хабари нохуш на танҳо ба ман рӯҳан ва ҷисман зарар расонид, балки ба аҳли оилаи ман низ, асосан ба падару модарам таъсири манфӣ расонида шуд, ки дар натиҷа саломатии онҳо низ дар зери хатар монда, то ҳол худро нотоб ҳис мекунанд. Аз ин сабаб ман аз саломатии наздиконам хавотир шуда, онҳоро низ аз ташхиси мазкур гузаронидам, ки хушбахтона онҳо ба ин бемории вазнин гирифтор набудаанд. Ҳангоми дар хона бо ин фикру хаёлҳои ғамгин нишастанам, ба ёдам омад, ки лабораторияе, ки ман муроҷиат намудам, яъне филиали лабораторияи «Диамед» дар Беморхонаи клиникавии в.Суғд низ мавҷуд будааст ва ба хаёлам омад, ки шояд аз сари нав аз ташхиси лабораторӣ оиди вируси гепатити DHDV гузарам, беҳуда намегӯянд, ки дунё ба умед аст ва бо умеди калон аз сари нав, бо иваз намудани ному насаби худ, яъне бо ному насаби Саидзода Далер аз ташхиси лабораторӣ оиди вируси гепатити DHDV ба филиали дигари лабораторияи «Диамед» муроҷиат намуда, хун супоридам. Баъди 3 рӯз ҷавоби натиҷаи таҳлилҳоям тайёр шуд, ки он нисбат ба бемории вируси гепатити DHDV манфӣ баромад, яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибати кормандони тиб нисбати ман хунукназарона ва бепарвоёна иҷро карда шудааст.
   Худо медонад чанд нафари дигар боз ҷабрдидаи муносибати хунукназарона ва бепарвоёнаи кормандони тиббии ин лаборатория гашта бошанд. Баъди ин ҳодиса, ки аз ҷониби кормандони тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбии худ ман ба ягон табибони Тоҷикистон бовар накарда, новобаста аз он, ки шароити иқтисодиам вазнин мебошад, аз ёру дӯстонам қарз гирифта, шиносномаи хориҷӣ тайёр намуда, барои боз хам аниқтар намудани натиҷа аз сари нав барои ташхиси пурраю ҳаматарафа ва аз ҳама муҳимаш бо сифат гузаштан санаи 04.11.2018 ба Федератсияи Руссия сафар карда, аз ташхиси лаборатории оиди вируси гепатити DHDV дар ш.Москав, дар Маркази тиббии «МедЭлит» бо супоридани якчанд таҳлилҳо гузаштам, ки натиҷаҳои таҳлилҳоям ба бемории вируси гепатити DHDV манфӣ баромад, яъне ман ба чунин беморӣ гирифтор намебошам!!!
    Албатта, имрӯз ман шукр мекунам, ки сиҳату саломат назди аҳли оилаву фарзандонам баргаштам, лекин барои барқарор намудани саломатии худ, ки дар натиҷаи муносибати хунукназарона, бепарвоёна ва номатлуб иҷро карда шудани кормандони маркази тиббии «Диамед» ба ман зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шудааст, хеле ранҷ кашидам. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ман намехоҳам, ки дар оянда ин кирдорҳои кормандони лаборатория нисбати ягон шахси бечораи дигар, ки бовар карда муроҷиат мекунад, такрор ёфта, монанди ман ҷабрдида шавад.

Далер Фаёзов,
маҳаллаи 14-15, қитъаи 151, тел: 92 778 77 33  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter