ХАБАРИ ДОҒ

Байни мактабу масҷид кӣ тафриқа медарорад?

  • Чоршанбе, Фев 27 2019


1 ҳафта мешавад, ки дар саҳифаҳои сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре аз нишасти матбуотии раиси ш.Истаравшан Баҳром Иноятзода дар мавриди баста шудани масҷидҳои ин шаҳр чарх мезанад. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки дар тӯли 2 соли охир дар Истаравшан фаъолияти 36 масҷид қатъ гардида, бино ба гуфтаи раиси шаҳр дар соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва дар соли 2018 фаъолияти 12 масҷид қатъ карда шуд. Ин ягон хабари такондиҳанда ва ғайриоддӣ нест, ки боиси сар задани ин қадар ҳаёҳӯй бошад, зеро ҳамасола пас аз санҷишҳои назоратии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ садҳо масҷиди ба талабот ҷавобгӯ набуда баста ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мубаддал мегарданд. Ба ин метавонад мисол шаҳри дигари вилояти суғд-Исфара бошад, ки дар муддати 2-3 соли охир фаъолияти 52 масҷид манъ ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудаанд.
Ҳаёҳӯй-ажиотаж аниқтараш сари гуфтаҳои дигари Баҳром Иноятзода дар мавриди масҷидҳо меравад, ки дар саҳифаи яке аз сомонаҳои хабарии Тоҷик нашр шудааст:-“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набаромадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтааст ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари онҳо ҷой шудааст. Мо бояд ба ҷои ҷавонони масҷидравро зиёд кардан, сафи донишҷӯён ва кормандонро зиёд кунем. Танҳо соли 2018 1120 нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд, бекоранд. Аз ин рӯ масҷид не, мактабро бояд зиёд кард”-чунин омадааст дар хабар аз номи раиси Иноятзода.
 
Дурӯғи фейкие, ки сенсатсия шуд
Маҳз ҳамин қисмати хабар боиси сар задани баҳсу талош ва ҳатто то ҷое даъво низ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ яке дигареро ба қавле «мехӯрд»-дашном медоду таҳдиду таҳқир менамуд ва беш аз ҳама Баҳром Иноятзода мавриди тозиёнаи бештари танқиду таҳқир қарор дошт. Чанд нафар ба идораи ҳафтаномаи мо-СССР низ занг зада фикру ақидаи хешро дар ин бора баён намуданду мо тасмим гирифтем асли воқеаро аз худи Иноятзода пурсон шавем. Раиси ш.Истаравшан дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР дар ш.Хуҷанд таъкид намуд, ки гуфтаҳояшро журналистон дигар хел фаҳмидаву навиштаанду эшон зимни ҷавоби худ ба суоли хабарнигорон масҷидҳои дохилиро дар назар надошт.
-Бубинед, дар с.2018 дар ш.Истаравшан 1200 ҷавони бекор ва бе шуғл ба қайд гирифта шуда, аз тарафи МИҲД дар ш.Истаравшан ҳамаи онҳо пайваста ба чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳр даъват карда мешаванд. Пайвастани аксарияти ҷавонони истаравшанӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон сурат гирифтааст. Маълум аст, ҷавон, ки бекор монда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар меравад, зери таъсири омилҳои гуногун зуд ба доми фиреб афтода, ба ҳар гуна гурӯҳу ҳизбҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ мешавад. Дур будан аз таҳсилу бекорӣ ва назорати падару модар ҷавононро хеле зуд фирефтаи ҳар гуна таъсири берунаву бегона мекунад ва гоҳо масҷидҳои бархе аз кишварҳои хориҷи наздик-дар ин бора мо ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма мебинему мешунавем, низ маҳз макони ифротгароӣ шудааст, манзури ман ҳамин буд,-гуфт Баҳром Иноятзода.
Воқеан ҳам, мантиқан агар гирем, масҷид ба миллати мо лозим аст, ё мактаб? Мактаб барои ҳар нафар дари илму ҳунар, донишу хирадро боз мекунад. Одам донишманду хирадманд, ки шуд, худ интихоб мекунад, кадом масҷид раваду чӣ кореро сомон диҳад. Ё не? Бедонишӣ дарҳои ифротро ба рӯи мардум мекушояд. Бубинед, ки мусалмонон дар сартосари қораи араб ба ҳамдигар ҷиҳод эълон кардаву хуни муслимин мерезанд. Зимнан, он нафароне, ки дар мантиқи афзоиши мактаб душманӣ бо масҷидро дидаву мардумро таҳрик медиҳанд, худ фанат, мутаассиб ва душмани дини исломанд, зеро пайғамбари мо сареҳатан гуфтааст:
-Аз гаҳвора то гӯр дониш омӯз!
Магар донишро дар мактаб намегиранд? Мактаб душмани масҷид не, душмани ифротгароёну мубаллиғини экстремизм аст. Мо метавонем!

Ҷ.Ҳусейн
СССР, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter