Алишер Гулов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш раванди бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, дар чанд соли қаблӣ ҷараёни тоза касб кардааст. Бо фароҳам омдани шароити машқу тамрин барои варзишгарон дастовардҳои онҳо низ бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ бо суръат идома дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдаст ноҳияҳо дида намешавад. Ва талош мекунем, ки дар ҳамаи деҳаҳои дурдаст майдончаҳои варзишӣ бунёд кунем.
Баҳодури Хатлонӣ, СССР