Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ифтитоҳи ду хатсайри нав дар самти Душанбе –Кобул -Душанбе (Афғонистон) ва Душанбе –Лоҳур - Лоҳур (Покистон) эълон мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба - рӯзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба самти мазкур дар санаи 29 апрели соли 2016 иҷро мегардад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 18-55 ва аз Кобул ба Душанбе соати 21-00 бо вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз 1 соатро дар бар мегирад.
Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати «Сомон Эйр» хабар дод, парвозҳо ба Лоҳур ҳафтае 2 маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ хоҳанд гашт. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар самти Душанбе –Теҳрон -Душанбе низ парвозҳоро ба роҳ монад. Тамоми парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737 амалӣ хоҳанд гашт.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
СССР