ХАБАРИ ДОҒ

Конибодом: сел 82 хонаро харобу 9 адад манзилро пурра вайрон кардааст

  • Сешанбе, Июн 04 2019

 

    Дар натиҷаи боридани борони бошиддат шаби 2-юми июни соли ҷорӣ сел омада, якчанд минтақаи ш.Конибодомро хароб кард. Даҳҳо адад манзили сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлодон, инчунин кӯчаи Бобокалонов вайрон гашта, бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ш.Конибодом борони сел ба дараҷае шиддатнок буд, ки дар пайи он хонаву дар, чорво ва воситаҳои нақлиёти сокинон зарари калон дидааст.

   Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МИҲД дар ш.Конибодом хабар доданд, ҳоло дар пайи ин ҳодиса дар шаҳр 1 комисияи махсус ва 3 гуруҳи корӣ бо ҷалби масъулини МИҲД таъсис дода шуда, дар ҷои ҳодиса хисороти расида санҷида шуда истодааст. Аз рӯи санҷиши аъзоёни комиссия борони сел танҳо дар 1 ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов беш аз 32 хонаро хароб карда, 9 адад манзилро пурра вайрон, ҳудуди 40 сар чорвои сокинонро бо худ бурдааст. Инчунин, дар ин радиф оромгоҳи «Фирӯзоба» низ осеб дидааст. Дар кӯчаи ба номи Бобокалонови ҳудуди шаҳр беш аз 50 хонаву дари сокинон хароб гардидааст.

   Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлодон аз калонтарин ҷамоатҳои ш.Конибодом ба ҳисоб рафта, аз ду як роҳи миёни Конибодом ва Исфара аз марзи ин ҷамоатҳо мегузарад. Кӯпруки болои сой дар ин минтақаро низ  сел вайрон кардааст. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

   Нимаи дуюми имрӯз бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи баамаломада раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Конибодом омада, аз манзили сокинони зарардида боздид ба амал овард. Эшон ба масъулон супориш дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои сел бартараф карда шуда, ба зарардидагон кӯмакҳои саривақтӣ расонида шавад. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter