Барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» ғолиби номинатсияи «Савдо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть Таджикистан» директораш Мирзоев Фарҳод Султонбекович гашт.
Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд, ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», директораш Саидов Умед Иброҳимович, ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», ҶСП «Техноинвест», сарвараш Раҷабов Файзали Қурбоналиевич, ғолиби номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн», ҶДММ «Газпромнефть - Таджикистан», роҳбараш Мирзоев Фарҳод Султонбекович, ғолиби номинатсияи «Савдо» гаштанд.
Инчунин, ҶДММ «Тоҷикинтурсервис», директораш Қобилов Зафар Наримонович, ғолиби номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ҶДММ «Жасмин», сарвараш Раҷабова Назира Иброҳимовна, ғолиби номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ», ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» , раисаш Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович, ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ҶДММ «Тиб барои Шумо», роҳбараш Ҷаборов Фариддун Маҷидович, ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» шуданд.
Дар дамов, Ширкати соҳибмулкони манзили Аҳрор Мухторов, 4/1, раисаш Элмуродов Шароф Тураевич, ғолиби номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», ҶДММ «Шерматова Н.Г.» , директораш Шерматова Наргис Гадойбоевна, ғолиби номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»,ҶДММ «Рухом», сарвараш Муҳабатов Муфарах Муминҷонович, ғолиби номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», ҶДММ «Ёқут - 2000», директораш Қодирзода Абдуҳалим, ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ҶДММ «Интер», раисаш Остонаев Мансур Муртазоевич, ғолиби номинатсияи «Хӯроки умум»,ҶСП «ТТ Мобайл», роҳбараш Никитин Денис Александрович, ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ», ҶСК «Континент-Инвест» , сарвараш Шарипов Сафаралӣ, ғолиби номинатсияи «Хизмати маишӣ», КВД КНТ «Шарқи Озод», директораш Файзуллозода Қурбоналӣ Бобоҷон, ғолиби номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», ҶСП «Заводи асфалту бетон», роҳбараш Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич, ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ҶДММ «Грант Торнтон», сарвараш Арутюнян Манвел Рудикович, ғолиби номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ» ва ҶДММ ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс», сармуҳарираш Аҳрорӣ Парвона Зоҳировна, ғолиби номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» интихоб гаштанд.
СССР