ХАБАРИ ДОҒ

Чаро иддае даст ба худкушӣ мезананд?

  • Панҷшанбе, Апр 14 2016

Бархе бо марг зиндагӣ мекунанд ва бархе дар баробари марг.

Бархе зиндагӣ мекунанд то бимиранд. Масъалаи онҳо будан ё набудан нест, ҳастанд, пас зиндагӣ мекунанд. Аммо бархе дигар бо марг ба ситез мераванд. Яъне бо роҳҳои гуногун худкушӣ мекунанд. Худкушӣ рафтор ё падидае аст, ки одамон гӯё ба андешаи озод шудан аз дарду ранҷи дунёи гузарон анҷом медиҳанд. Иллатҳое чун эҳсоси пучӣ, яъс ва ноумедӣ нисбат ба оянда ва бунбасти фикрӣ, бесабрӣ ва амсоли инҳо аз заъифии эътиқод ва надоштани шинохти кофӣ аз Худованди муттаъолинсони сустидораро ба чунин амали номатлуб таҳрик мекунад. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки ҳар сол дар ҷаҳон 10000 нафар бо сабаби худкушӣ аз ҳаёт маҳрум мегарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба қавли Ҷамолиддини Садриддин котиби матбуотии ВКД дар 12 моҳи соли соли 2015 теъдоди афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, 624 нафар мебошад, ки 270 каси онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Ин рақам нисбат ба соли 2014 - 74 адад зиёд мебошад. Соли 2015 дар вилояти Суғд 300 нафар сокинони минтақаи маъмурӣ даст ба худкушӣ задаанд. Давми чор моҳи соли 2016 шумори афроди даст ба худкушӣ зада, зиёда аз 70 нафар рақам зада мешавад.Ин амали номатлуб тайи солҳост, ки баҳсеро байни файласуфон, равоншиносон ваҳомиёни дин ба миён гузоштааст, ки дар матлаб кушидем то назари чанд танро барои хонандагон бирасонем:

Худкушӣ аз нигоҳи файласуфон

Бархе афрод худкуширо ба унвони «амри машруъ» дар ҳавзаи интихобҳои фардӣ қарор дода, онро ҷузъи ҳуқуқии инсон қаламдод мекунанд (ин навъи нигариш ба истилоҳ ба «ҷунбиши ҳақиқии марг» маъруф аст). Ин гурӯҳ бар ин боваранд, ки ҳеч фарде набояд бар хилофи хостаашмаҷбур ба ранҷ кашидан шавад, ба вежа дар мавқеият назири бемориҳои дармоннопазир. Тарафдорони ин навъи нигариш бар ин боваранд, ки он дар ҳама ҳолат амали ғайриақлонӣ набуда, балки муътақиданд, ки он метавонад вопасин роҳи ҳалли муносиб барои касоне бошад, ки ранҷ ё осеби бузургеро таҳаммул мекунанд. Ин гурӯҳ муътақиданд, ки он афроде, ки худкушӣ мекунанд, дар шароити оддӣ ба худкушӣ даст мезананд, ба шакли огоҳона ва ақлонӣ тасмим ба поёни зиндагиашон гирифтаанд. Содиқ Ҳидоят нависандаи тавонои Эрон бар ин ақидааст, ки : «На, касе тасмими худкуширо намегирад, худкушӣ бо баъзеҳо ҳаст. Дар хамира ва дар сиришти онҳост. Наметавонанд аз дасташ бигрезанд. Ин сарнавишт аст, ки фармонравоӣ дорад…»

Худкушӣ аз нигоҳи дини Ислом

Аз дидгоҳи Ислом молики ҳама чиз, аз ҷумла инсон, Худованд аст ва Ӯст, ки ҳаққи тасарруфи ҳарду ҷаҳонро дорад. Дар ин дунё на касе молики инсон аст, ки ӯро бикушад ва на худи инсон қудрат дорад, ки худро бикушад. Қуръон, ки дар тӯли қарнҳо ба унвони машъали фурӯзони ҳидоят, муҷиби наҷот ва хушбахтии миллиёнҳо инсонҳо гардидааст ва монанди ахтаритобнок бар ҳаёти башарӣ дурахшидааст, дар сураи мубораки Нисо чунин фармуда, ки: «…ва худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо меҳрубон аст ва ҳар, ки ин амалро аз рӯйи таҷовуз ва ситам анҷом диҳад ба зудӣ ӯро дар оташ ворид хоҳем сохт ва ин кор барои Худо осон мебошад».Дар дини мубини Ислом ҷойи чунин ашхосе, ки худкушӣ мекунанд аз ҷониби Парвардигор ҷаҳаннам аст. Чунки амали худкушӣ нофармони ва сарпечӣ аз дастуроти Худо мебошад. Қуръон борҳо зикр намудааст, ки ҳар гуноҳ бахшида мешавад, магар шаккокӣ.

Худкушӣ аз нигоҳи равошиносон

Хушбахтона дар миёни соҳибназарони илмҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бештар ба дин барои дастёбӣ ба саломатии равонӣ ва дармони бемориҳо пайдо шудаанд. Эшон муътақиданд, ки дар имон ба Худо нерӯе вуҷуд дорад, ки навъи қудрати маънавӣ ба инсон мебахшад, ки дар таҳаммули сахтиҳои зиндагӣ ӯро кӯмак мекунад, аз нигаронӣ ва изтиробе, ки бисёри аз мардуми қарни мо дар мубталои ин беморианд, дур месозад. Дар ҳамин росто Корл Юнг, равоншиноси машҳур мегӯяд: «Дар тӯли сӣ соли гузашта, афроди зиёде аз миллатҳои мухталифи ҷаҳони мутамаддин, бо ман машварат кардаанд, ба ҷуръат метавонам бигӯям ҳар яки онҳо ба ин далел қурбони бемории равонӣ шуда буданд, ки он чизеро, ки адён дар ҳар замоне ба пайравони худ медиҳанд муътақид буданд ва ҳар вақт, ки ба дин ва дидгоҳҳои динӣ бозгашта буданд, ба таври комил дармон ёфтаанд».

Баҳодур Уроқов, СССР, Қӯрғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter