ХАБАРИ ДОҒ

Нуриддин Саид: «Кӯдакони ятими аз Сурияву Ироқ овардашударо Ҳукумати ҶТ ба воя мерасонад!»

  • Ҷумъа, Июл 19 2019

   Дар ҷумҳурӣ 65-мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд ва кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд, амал менамоянд. Дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019 8371 нафар таълимгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

   Аз шумораи умумии ин мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми ҶТ буда, бино ба иттилои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, кӯдакони тоҷике, ки чанде пеш аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Ватан оварда шуда, ятим мондаанд, дар ин мактаб-интернатҳо ба воя хоҳанд расид.

   - Дастури Ҳукумати ҶТ ҳаст ва аз рӯи он тамоми вазорату кумитаҳои кишвар муваззаф гардидаанд, ки ҳаёту зиндагии минбаъдаи ин кӯдаконро зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Кӯдаконе, ки хешутабор доранд, пас аз таҳқиқ ба онҳо дода мешаванд, он кӯдаконе, ки ятими кулл мондаанд, то хатми мактаб-интернат ва таҳсили минбаъда дар коллеҷу литсей ва макотиби олии кишвар зери назорати вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳанд буд, - иброз дошт Нуриддин Саид.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter