Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар нишасти ахири матбуотӣ вобаста ба масъалаи ҷамъоварии маблағ аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои таъмиру рангубор, гуфт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки нисбати масъулоне, ки аз сокинон барои ин кор маблағ талаб менамоянд, ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд.
- Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ симо ва намои пойтахтро дигаргун сохта, рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро ба анҷом расонад. То 1.07.2019 дар пойтахт рангубори 448 адад бино ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ гузаронида шуда, шумораи биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, наздики 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд. Маблағи буҷҷаи шаҳрдорӣ барои таъмир ва рангубори беш аз 2000 бино намерасад ва мо ният дорем бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ин корро амалӣ намоем, -таъкид намуд М.Зувайдзода.