Дар яке аз шумораҳои гузашта хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Истаравшан, маъюби гуруҳи 1, Ҳаким Ҳомид дар мавриди чӣ тавр маҳву нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар кишвар пурсон шуда буд. Таври маълум, амру дархости ҳар хонанда, барои мо «супориши партиявист!» Зимнан саъй намудем дар якҷоягӣ бо мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ мавзӯро пайгирӣ намуда, ба суоли Ҳаким ҷавоб бидиҳем. Мо Метавонем!
Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ зери назар аст!
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Муродалӣ Меликов, сардори шӯъбаи гигиенаи коммуналӣ ва кӯдаконаи Сарраёсати назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфт, нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар кишвар тибқи «Қоидаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва бартарафкунии партовҳои муассисаҳои табобатию профилактикӣ» сурат мегирад.
-Партови муассисаҳои тиббию профилактикӣ ба 5 гурӯҳ-гурӯҳҳои А-бехатар, Б-хатарнок, В-ниҳоят хатарнок, Г-партовҳое, ки бо таркибашон ба партовҳои саноатӣ наздиканд ва Д-партовҳои радиоактивӣ ҷудо мешаванд. Дар ҳар 1 муассисаи тиббӣ барои ин партовҳо аз рӯи гурӯҳбандӣ қуттиҳои хос гузошта шуда, ҳамарӯза ҷамъоварӣ ва дар печкаҳои калон тариқи сӯзонидан нобуд карда мешаванд. Беморхонаҳои калон, маҷмааҳои тандурустӣ ва шаҳракҳои шифобахшӣ ҳатман чунин печкаҳо доранд ва партовҳои дар мӯҳлати 1 шабонарӯз ҷамъшуда-сӯзандору, докаву пахтаву шишаи маводи дорувории истифодашударо, ки одатан безараранд, дар ин печкаҳо месӯзонанд. Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ё муассисаҳои хурди тиббию профилактикӣ тариқи шартнома ва ҳамкорӣ партовҳои тиббии хешро оварда, дар печкаҳои муассисаҳои калон нест мекунанд. Ҳар 1 сӯзандору, шишаи дору ва асбобу лавозимоти истифодашудаи тиббӣ ҳатман ба қайд гирифта шуда, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва маҳв карданаш низ зери назорат ва санад аст, - қайд намуд Меликов.
Тамоми партовҳо аввал ба қайд гирифта, пас аз муоина ба қуттӣ ё пакетҳои хос андохта шуда, барои нобуд кардан фиристода мешаванд. Партовҳо аз рӯи гурӯҳбандӣ ва моҳияти бехатару хатарнок будан, ки ҳар 1 гурӯҳ тартиби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва нест кардани хоси худро дорад, маҳв мегарданд ва барои ин кор дар ҳар муассисаи тиббӣ шахси масъул фаъолият мекунад. Пас аз маҳвшавӣ ҳатман дезинфексия сурат мегирад.
Ҳеҷ сирояте намемонад!
Дар мавриди партови таваллудхонаҳо ва партовҳои пас аз ҷарроҳиҳо пайдо шуда, ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки барои нест кардани ин гурӯҳи партовҳо дар беморхонаю таваллудхонаҳо чоҳҳои калону чуқур мавҷуд буда, ин партовҳо пеш аз нобудкунӣ бо маводи кимиёӣ, аз ҷумла, хлор, дезинфексия карда мешаванд.
-Дар ҳар 1 таваллудхона чоҳҳои бузурги махсус мавҷуд аст ва партовҳои пас аз исқоти ҳамлу дигар амалиёт ва ҷарроҳиҳои хурди гинекологӣ ба даст омадаро мутахассисон дар ин чоҳҳо гӯр мекунанд. Чоҳҳо бо маводи кимиёвӣ пайваста дезинфексия мешаванд. Дар мавриди партовҳои пас аз ҷарроҳиҳои узвҳои бадан пайдо шуда низ инро метавон гуфт, ки маъмулан онҳо низ бо роҳи гӯр кардан маҳв карда мешаванд. Мардум бояд нигарон набошанд, ин кор зери назорати ҷиддӣ амалӣ ёфта, ҳеҷ сирояте аз худ намегузорад, - таъкид дошт М.Меликов.
Доруҳои пастсифат сӯзонда мешаванд
Дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта, партовҳои доруворӣ ва маводи дорувории ташхисӣ, дезинфексионӣ, ки мӯҳлати истифодабариашон гузашта аст, дар худи бемористонҳо ва бухориҳои махсус, тариқи сӯзонидан нобуд карда мешаванд.
Ҷ. Мақсуд, СССР