Бенямин Илҳом, баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенямини Илҳом муътадил буда, волидони ӯ аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, 16.01.2020 ҷиҳати иҷрои супориши Президенти ҶТ ва бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” машварати табибон-консилиум доир гардид, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат Мироҷов Ғ.Қ., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев, директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ибодов Ҳ. ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки навори видеоии суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ин писарча, ки рӯзи 15.01.2020 зимни ифтитоҳи муассисаи таълимии №65-и н.Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт, аллакай дар шабакаҳои интернетӣ ҳаводорони зиёде пайдо намудааст. Бенямин зимни суҳбат бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба гиря даромада, дар бораи бемории худ арз мекунад.