Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр»-и тоҷик ва «Хатҳои ҷанубии Хитой»-и Ҷумҳурии мардумии Хитой парвозҳои худро ба Душанбеву Урумчи муваққатан қатъ карданд.
Ин маҳдудият то рӯзҳои аввали моҳи феврал идома дошта, парвози наздиктарини ширкати «Хатҳои ҷанубии Хитой» дар самти Урумчи-Душанбе-Урумчи ба рӯзи 2.02.2020 гузошта шудааст. Парвози наздиктарини ширкати «Сомон эйр» аз рӯи масири Душанбе-Урумчи-Душанбе бошад рӯзи 5.02.2020 амалӣ хоҳад ёфт. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.
Тавре гуфта мешавад, сабаби қатъи муваққатии парвозҳо байни Тоҷикистону Хитой ин соли нави хитоӣ мебошад, ки ба рӯзи 25.01.2020 рост меояд ва дар рӯзҳои таҷлили ин ид тамоми Хитой ба истироҳати 15 рӯза рафта, марказҳои бузурги хариду тиҷоратӣ низ ба таътил мебароянд. Масъулон мегӯянд, ки сабаби қатъи муваққатии парвозҳо дар ин аст, на дар хуруҷӣ бемории зукком, ки тайи 2 ҳафта боз дар ин кишвар сар зада, алакай ҷони беш аз 20 нафарро бурдааст. Ба хотири пешгирӣ намудани вуруди ин беморӣ ба кишвар дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуруҳи махсуси табибону мутахассисон кор карда истодааст. Бояд гуфт, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае 4 маротиба сурат мегирифтанд.
СССР