Кашидани носро низ дар баробари тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос агар аз 1 тараф ба саломатии инсон беш аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбонҳоро ифлосу бадбӯй мекунад...
Носда биё, бача!
Мутаасифона, анқариб дар ҳама хонадони тоҷик нафаре пайдо мешавад, ки тамоку истифода мекунад, аз ин лиҳоз гуфтан метавон, ки дар Тоҷикистон, кормандони касбу кори гуногун (омӯзгор, духтур, муҳандис, милиса, амниятӣ, вазиру раис!!!) гирифтори носу тамоку мебошанд. То ҷое, ки барои мо маълум гашт, аксарияти мардум ба он хотире нос истифода мекунанд, ки аз сигоркашӣ парҳез кунанд-аз борон гурехта, ба новардон паноҳ бурдан аблаҳист.
Дар Душанбе имрӯз чанд намуди носро бо кадом нарх мефурӯшанд ва кадом нос бештар мизоҷ дорад-ин буд мавзӯе, ки хафтаи равон пайгирӣ кардем.
Носи 011, Аэропорт, Носир ва Калек
07.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:20 дақиқа. Бозори “Меҳргони”-и ш.Душанбе-Фахру Шарафи пойтахт... Дар пушти бозори мазкур якчанд дӯконе пайи ҳам ҷойгир шудаанд, ки танҳо барои фурӯши нос машғуланд. Расидан баробар дӯкони якумро нигоҳ карда, дидам, ки ҳамаи номҳои машҳури тамоку пайи ҳам гузошта шудаву дар зерашон носҳои ҳархела бо шаклҳои гуногун ҷойгир. Саволи нахустинам ҳам ин буд, ки “амакҷон шумо носро аз куҷо меоред ва он аз кадом навъи маҳсулот омода мешавад?”, фурӯшанда, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз дошт: “Мо аксар вақт маҳсулотро аз кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон меорем. Нос бошад аз барги хушки тамоку омода мешавад ва мо низ метавонем онро аз маҳсулоти дохилӣ тайёр намоем, аслан фарқияте надоранд”.
Дар вақти суҳбат ман медидам, ки фурӯшанда чи тавр носҳои гуногунро халтача менамуд ва пурсидам ки чаро мардум аз носҳои ҳархела истифода мекунанд, дар ҳоле, ки маҳсулоти ҳамааш 1 аст. Ӯ гуфт, “Аслан нос ҳархела намешавад, балки носкашҳо ҳархела мешаванду ба ҳаргуна номи нос одат мекунанд. Тавре дар боло зикр кардем, ҳама аз як навъи маҳсулот барои омода намудани нос истифода мекунанд. Танҳо фарқият дар омодакунандаи нос дида мешавад, ки бо кадом меъёр онро омода месозад. Маршҳуртарин нос дар ш.Душанбе ин носи “Аэропорт” мебошад. Сабаби чунин ном гирифтани нос ин маҳалли тайёршудааш аст, на чизи дигар. Яке аз носҳои машҳури дигар дар пойтахт ин носи “011” аст, ки ин номро кайфиҳо ба хотири мошини “Жигули-011” мондаанд, ки соҳибаш ҳар рӯз мошинро дар назди бозори “Саховат” ист фармуда, носфурӯшӣ мекунад. Яъне нос яку, номи маҳал-зодгоҳи ону мизоҷон дигар! Мисли “носи Калек” дар Кӯлобу “носи Носир” дар Хуҷанд!
Ҳабси “носкашҳо” дар Туркманистон
Дар ҳама давлатҳои Осёи Миёна мардум озодона тамокуро истеҳсол намуда, ба муомилот мебароранд, ғайр аз Ҷумҳурии Туркманистон. Тибқи қавонини ин кишвар муҷозот барои истифодаи 1 халтаи нос баробар ба истеъмоли маводи мухадираст. Бархе аз сокинони кишвари мо низ бар он ақидаанд, ки кашидани носро низ дар баробари тамоку, ки кашиданаш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос, агар аз 1 тараф ба саломатии инсон бештар аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбон ва назди дари хонаи моро низ ифлосу бадбӯй мекунад.
Шералӣ Давлатов,
СССР