ХАБАРИ ДОҒ

Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳассоси имрӯза, ин зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин дар ҳоле, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо  ҳатто дар ҷамоату маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  рафта истодааст. Вале ин тадбирҳо на ҳамавақт натиҷаи мусбат дода истодааст. Дар вилояти Суғд бошад ин муаммо боз ҳам нигаронкунанда аст. Тибқи маълумоте, ки аз Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати омори Демографӣ шуғли аҳолӣ ва омори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дастрас намудем, дар соли сипаришудаи 2019 дар вилояти Суғд 21585 оила барпо ва 4272  оила расман ҷудо шуданд. Ин дар ҳоле, ки соли 2018-ум 22742 нафар никоҳ баста, 4046 адади он  бекор карда шуд. 

Никоҳ каму талоқ беш шуд!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи 2018 никоҳ 1157 адад кам шуда, талоқ 226 адад зиёд гардидааст. Аз рӯи таҳлилҳои  Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо  ин якдигарнофаҳмӣ, беморӣ доштани  яке аз тарафҳо, дахолати волидон, таҳаммулнопазирӣ, хиёнати ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ, вазъи пасти иқтисодии оилаҳо мебошад. 

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 444 адад ҳодисаи  ҷудошавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар ҳамин давраи соли 2018 77 адад зиёд бекоршавии никоҳро нишон медиҳад. Муқаддас Шодибоева сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барои пешгирии ҷудошавӣ байни оилаҳо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодааст. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд  гурӯҳи корӣ ташкил намуда хонаводаҳоеро, ки тасмими ҷудошавӣ доранд бо фаҳмондадиҳии мушкилоташон оштӣ дода истодаем. Яъне, ба ғайр аз барномаҳои амалкунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо, инчунин роҳи оштӣ додани зану шавҳар ва волидони онҳоро корбарӣ менамоем, ки он  натиҷаи хуб дода истодааст. Масалан бо роҳи фаҳмондадиҳии оштинамоӣ моҳи январи соли 2020 ду оиларо ба ҳам оштӣ додем. 

 

Интернет, хушдоман ва муҳоҷират

Оила дар мардуми Шарқ бахусус барои мардуми мусулмон ва халқи тоҷик пайванди муқаддас ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯзҳо кӯчактарин муаммо байни ҷавонон бо хотимаи он ва ҷудошавӣ анҷом ёфта истодааст. Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд аст. Аз ҷумла истифодаи интернет, аз байн рафтани маданияти шарқиёна байни ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, тафоҳуми хонаводаҳо, муаммои келину хушдоман низ сабаби боиси  ҷудошавии оилаҳо гардида истодааст. Пас чи бояд кард? Фардо бо ҷомеаи мо чӣ хоҳад шуд? Худ қазоват намоед.

Сумани Набиҷон

Хуҷанд, махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter