ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Дандон кан!

  • Душанбе, Март 30 2020

 

Бо супориши редаксия ҳафтаи гузашта барои кандани дандон ба якчанд стоматологияҳои ш.Душанберо равона шудам. Қаблан аз бархе дӯстону ҳамкурсон пурсидам, ки барои муолиҷа ва кандани дандон ба кадом стамотологияҳо муроҷмиат мекунанду мераванд. Маълум гардид, ки сокинону меҳмони пойтахт бештар ба  Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷоғу рӯй”-и ш. Душанбе(1-ум Советский) муроҷиат менамудаанд.  Аз ин рӯ мо хостем ба ин муассиса назар карда, сатҳи хизматрасониро дар ин даргоҳи тиббӣ бубинем. 

Нархи ягона

Ҳангоми даромад ба ин муассиса посбоне бо ниқоби сафед назди дар истода, ҳамаи беморонро ба қайд мегирифт. Ман низ худро ба қайд гирифта, назди духтуре даромадам ва дар кадом вазъият будани дандонамро гуфтам. Духтури ҷавон дандонҳои маро аз назар гузаронда гуфт, ки бояд рентген кунем то ин ки сабаби дард карданашро муайян намоем. Сипас аз рӯйи натиҷаи рентген табобати дандони ман оғоз гардид. Ин духтури ҷавон хело нозукона ва бодиққат кор мекард Анвар Шерхонов ном дошта, донишгоҳи тиббии Украинаро хатм намудаву нав ба кор шӯруъ кардааст. Мавриди зикр аст, ҳаққи хизмат барои тоза кардани дандонҳо пеш аз пломба задан бо ҳисоби ҳама таҷҳизотҳои якбор истифодашаванда 47 сомонӣ ва нархи пломбаи оддӣ 107 сомониро ташкил медиҳад. 

 

Ҳама чӣ зери назар!

Ҳама кормандон бо ниқобҳои тиббӣ дар роҳравҳо мегаштанд. Барои боз ҳам дақиқтар намудан аз шароит ва муомилаи дигар духтурони клиникаи мазкур ба якчанд палатаҳо бо ҳар баҳонае даромадем ва бори бигар бовари ҳосил намудем, ки ҳама тоза ва таҷҳизотҳои наву замонави барои беморони дандон ва ҷоғу рӯй муҷаҳаз гардонида шудааст. 

Назди утоқи кории мудири клиника пур аз шаҳрвандон буд ва онҳо бо мушкилиҳои гуногун онҷо ҳозир шудаанд. Мудир ҳама шаҳрвандонро қабул намуда, дархосту муроҷиатҳои онҳоро ба назар мегирифт. Бо якчанд муроҷиаткунандаҳо ҳамсуҳбат шудем. Модаре бо кӯдакаш барои табобат омада буданду, аз муомилаи духтурон ва шароити клиника розӣ. Қосимов Маҳмадулло, мудири ин даргоҳи шифо ҳамаи шаҳрвандони наздашон даромадаро шахсан гусел намуда, маро низ ҳамчун бемор қабул намуд. Нахуст шуда диққати моро дар дар утоқи кории роҳбарият ин монитори калони насбшуда ҷалб намуд. Дар экран ҳама роҳравҳои калидӣ ва якчанд ҳуҷраҳои хизматрасонии беморон аён буд. Аз ин бар меояд, ки роҳбарият кори ҳамаро хуб назорат мекунад ва мебинад, ки духтурон бо беморон чӣ гуна муносибат доранд. 

 

Имтиёзҳои клиника

Дар сӯҳбат бо мо Маҳмудулло Қосимов гуфт, ки ба ин Пажуҳишгоҳ беморон аз тамоми гӯшаву канори кишвар меоянд.

   -Баъзан вақт ман хело рӯҳафтода аз он мешавам, шаҳрвандон имконияти табобат кардани дандонро надоранд. Масалан, ҳозир пеш аз шумо даромадан якчанд нафари дигар аз н.Айнӣ омада, гуфтанд, ки мо он маблағе, ки ба муолиҷаи дандон лозим аст, надорем. Дар муассисаи мо духтурони донишманд ва ботаҷриба кор мекунанд. Ҳамарӯза талаботҳои гигиению санитариро хуб назорат мекунем. Аз он рӯзе, ки хатари коронавирус тамоми дунёро фаро гирифтааст мо ҳар рӯз роҳравҳоро чанд маротибаи бо хлор ва дигар маҳлулҳо тоза мекунем. Кӯдаконӣ то 1 сола, калонсолони аз 80 боло, иштирокчиёни ҷанги Афғонистону Чернобил, ятими яктарафа ва гурезаҳоро клиникаи мо ройгон табобат мекунад. Ҳамзамон дар хуҷраи ёрии таъҷилӣ-5120 бемор ба маблағи 148480 сомонӣ хизматрасонии стоматологии ройгон расонида шуд, ки маблағи умумии он 265.578 сомониро ташкил медиҳад, - иброз медорад Маҳмадулло Қосимов.

Дар баробари фаъол будани шӯъбаҳои клиника боз шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолона кор карда, дар давоми соли 2019 бо маблағи 8052 сомонӣ 19 нафарро ройгон ҷарроҳӣ намудаанд.  Хулас, то ҷое ки дастамон мерасад ба ҳамаи беморон кӯмак мерасонем, зеро ин вазифаи ҳар як табиб аст”- мегӯяд директори Муасисаи давлатии пажуҳишгоҳии “илмию клиникии стоматология ва ҷоғу рӯй” номзади илмҳои тиб Маҳмадулло Қосимов. 

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter