ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: нархи гарони ниқоби тиббӣ

  • Чоршанбе, Апр 15 2020

 

Тавре ба мухбири минтақавии СССР дар МИҲД вилояти Хатлон хабар доданд, бо дастури вежаи Қурбон Ҳакимзода корхонаҳои истеҳсолии "Ресандаи Қӯрғонтеппа" ва "Фарм Текс"-и ноҳияи Данғара барои истеҳсоли 2 миллион адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ фармоиш гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки корхонаи ҶДММ "Фарм Текс" истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро афзоиш дода, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар 1 шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳия ва муассисаҳои тиббии мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.   Вале новобаста аз ин боз ҳам камчин ва гарон шудани арзиши ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои дигари спиртии зиддисептикӣ дар вилояти Хатлон дар 1 ҳафтаи охир сокинонро нигарон кардааст.

Дар дорухонаҳои «Фаровон» ниқоб нест

02.04.2020. Соат бо вақти Бохтар 15:22 дақиқа. Дар 5 дорухонаи гирду атрофи бозори «Фаровон» ниқоб (маска) дида намешуд. Фурӯшандогони дорухонаҳо дар сӯҳбат мегуянд, пештар дар як рӯз 1-2 дона ниқоб бо нархи 0.60-0.80 сомонӣ ба фурӯш мерафт, ки онро ҳам ҷавонон барои мӯд харидорӣ мекарданд. Пас аз пайдо шудани бемории сироятии коронавирус, ки тамоми миқёси ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, талабот ба ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба маротиф афзуд. Ҳоло бошад мо сари вақт аз анборҳои шаҳри Душанбе ва «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара фармоишҳои худро дастрас карда наметавонем. 

Дар дорухонаҳои гирду атрофи бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар 1 дона ниқобро аз 2 то 5 сомонӣ мефурӯшанд ва он ҳам бо шиносбозӣ!!!   

Ниқоб ҳаст, лек гарон!

02.04.2020. Соат бо вақти Бохтар 15:50 дақиқа. Дар кӯчаи Нариманов, воқеъ дар назди боғи фарҳангӣ ва колеҷи тиббии Бохтар, ки 2 аптекаи калон ва хурд фаъолият мекунанд, ниқобҳои тиббиро бе ягон мушкилӣ пайдо кардан мумкин аст. Лек нархи онҳо гарон шудааст-аз 2,5 то 5 сомонӣ!

Нархи сирпиёзу испандро низ вардоштанд

Дар 2 бозори калонтарини шаҳри Бохтар-«Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» нархи баъзе аз маҳсулоте, ки ҳамчун чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби табибон тавсия шудаанд-сирпиёз ва испанд, яку якбора гарон шуд. 1 бандчаи испанде, ки қаблан 0.50-0.80 сомонӣ фурӯхта мешуд, имрӯз дар бозор ба 4-5 сомонӣ расида, нархи 1 кило сирпиёёз то ба 70 сомонӣ баробар шудааст.

100.000 ниқоб ройгон тақсим шуд

Дар ҳамин маврид бояд гуфт, ки Нусратулло Файзуллоев соҳибкори ватанӣ, Муассиси ҶСШК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», ки бо исми Нусрати Бетарс маъруф аст, ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ш.Бохтари вилояти Хатлон 100.000 ниқоби тиббиро ба таври ройгон тақдим кард. Масъулини ин корхонаи бузурги ресандагӣ афзуданд, ки айни замон корхонаи  «Ресандаи Қӯғонтеппа» пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар 1 шабонарӯз  7000 ниқоб истеҳсол менамояд. Ниқобҳо 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шуда, ҳамчунин дар ин корхона  ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.

Нархро кӣ танзим мекунад?

Айни замон барои ҳар 1 сокини ш.Бохтар барои харидорӣ намудани бастаи лозимии ниқоби тиббӣ ва антисептикӣ 13-16 сомонӣ лозим мешавад. Аз рӯи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳар инсон 1 дона ниқобро бояд то 3-4 соат истифода бурда, пасон иваз намояд. Бо чунин нархи осмонбӯси дорухонаҳо ва фурӯшандаҳои бозор чӣ гуна метавон аз рӯи талаботи лозимӣ амал намуда, худу аҳли оиларо аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дошт? Ку, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, ки ба кӯча баромада, нархи ягонаро танзим намояд? Мо мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард! Мо Метавонем!!!

 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter