ХАБАРИ ДОҒ

Дар Душанбе беморхонаи нави сироятӣ бунёд меёбад

  • Панҷшанбе, Май 21 2020

Рӯзи гузашта, 20.05.2020 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ҶТ Коҳир Расулзода аз фаъолияти 1 қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар пойтахт шинос шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Сарвари давлат дар ш.Душанбе аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардида, гуфта мешавад, ки он дар 1 ҳафта созмон дода шуда, барои фаро гирифтани 350 нафар бемор пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи ДМТ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи н.Синои пойтахт шинос шуданд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Пасон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд. Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст. Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

Баъдан, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҳамчунин аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст. Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ш.Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter