ХАБАРИ ДОҒ

Афзалият ба ҳадафи чоруми стратегӣ

  • Чоршанбе, Авг 05 2020

Дар вилояти Суғд баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда чораҷӯӣ карда шуда, силсилаи корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 

40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ

Бояд гуфт, ки танҳо дар 5 моҳи соли 2020 дар вилоят 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Ҳарчанд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 теъдоди корхонаҳои нав баробар аст, вале шумораи ҷойҳои нави корӣ зиёдтар аст. Корхонаҳои нав асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ  таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи расмии корхонаҳои коркард ва банду басти асали филиали ширкати “Хантана Канада инк”, истеҳсоли профилҳои пластикии “Афранг пластик”, коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд агро”, истеҳсоли қубурҳои пластикии “Сифат пласт”, шифер ва қубурҳои азбестии “Воситзода” Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардаанд.

Содироти асосӣ: Семент, маъдан ва консентрат

Тавре шуъбаи иттилоотию-таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 769,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 116,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 432,3 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида, содироти бонизоми сементи ватанӣ ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, давоми моҳҳои январ-май дар маҷмӯъ 219,9 ҳазор тонна семент содирот карда шуд.

Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфтааст. Дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи умумии 83,1 млн доллари ИМА ин маҳсулот содирот шудааст, ки ба 54,6 фоизи тамоми содироти вилоят баробар аст.

Дар “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 783,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн сомонӣ зиёд буда, ба 99,9 фоиз баробар аст. Дар КМ “Зарафшон”-и ш.Панҷакент давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 1,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,8 млн сомонӣ зиёд буда, ба 109,9 фоиз баробар аст. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда бошад ба 158,2% расидааст. Дар КМ “Апрелевка” -и ш.Гулистон давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 80,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ба 100,0 фоиз баробар буда, бо нархҳои амалкунанда бошад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6,8 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиши он ба 109,1% баробар шудааст. Дар ин давра дар конҳои ангишти вилоят 525,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид.

3,9 миллион ниқобу 8534 либоси махсус истеҳсол шуд

Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, дар ин давра дар вилоят истеҳсоли 1 қатор маводи муҳофизатӣ ба роҳ монда шуд. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июн 3,9 млн адад ниқоби тиббӣ, 8534 адад либоси махсуси тиббӣ ва 277,6 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши нишондиҳандаҳо дар корхонаҳои дӯзандагии «Ҷавонӣ» ва «Сатн» аз ҷумла аз ҳисоби истеҳсол ва содироти ниқобҳои муҳофизатӣ таъмин карда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ба маблағи 82,7 млн сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 108,1 фоиз баробар аст.

Хуҷанд: Истеҳсоли 95 намуди маҳсулоти саноатӣ

Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, саноатчиёни шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои худро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар натиҷа, мувофиқи нишондиҳандаҳои 5-моҳаи оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 471,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоизро ташкил дод. Дар ин бора Маъмур Юсуфзода, котиби матбуотии раиси ш.Хуҷанд ба мухбири СССР иттилоъ дод.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки қисми таркибии ин нишондиҳанда аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 212,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, он нисбатан 34,4 фоиз зиёд, корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 93,8 млн. сомонӣ, ё 26,8 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 91,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 19,5 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 169,6 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд 95 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 28 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Бӯстон: 32 корхонаи саноатӣ фаъоланд!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми Ватанӣ ва таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.  

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси ш.Бӯстон, дар шаҳри Бӯстон дар давоми 5 моҳи соли 2020-3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии ҶДММ «Сифатпласт», корхонаи истеҳсоли қубур ва шиферҳои азбестии ҶДММ «Восидзода» ва корхонаи истеҳсоли хӯроки парандаи ҶДММ «Агроҳамкор» мавриди истифода қарор дода шудааст. 

Бояд қайд намуд, ки дар 5 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии барқу об ва бахши хусусӣ 226 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157 фоизро дарбар мегирад. Дар 32 адад корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба монанди орд, сабус, обҳои ташнашикан, машрубот, шарбатҳои мевагӣ, равғани растанӣ, сангҳои ороишӣ, мех ва мехҳои печон, қубурҳои гуногун, маҳсулоти қоғазӣ, халтаҳои полипропеленӣ ва полиэтиленӣ, зарфҳои пластикӣ, арматура, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter