ХАБАРИ ДОҒ

Чойхонаҳоро баргардонед!

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

Хонандагони газетаи мардумии «СССР» дар бораи чойхонаҳои тоҷикӣ, ки ҷойи дӯстдоштании пирони барнодил буду онҷо мӯйсафедон бо ҳам ҷамъ омада, сари 1 пиёла чой сӯҳбатҳои қаймоқӣ доштанд, хеле зиёд менависанд. Воқеан ҳам чойхонаҳо дар кӯчаву маҳалла ва деҳоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон агар аз 1 тараф маркази дилхушиву хизматрасонӣ ба шумор раванд, аз тарафи дигар маркази хабару маълумоти итиллооту баҳсу талош ҳам буданд. Ин аст, ки шодравон очакалони 103 солаам гоҳо нақли худро ин тавр шуруъ мекарданд: «бобокалонат аз чойхона гап ёфта омад, ки…»

Чаро дигар дар маҳалҳо чойхонаҳои мардумӣ фаъол нестанд? Чаро чойхонаҳои шаҳрӣ тарабхона шуданд? Чаро соҳибкорон дигар чойхона бунёд намекунанд? Ин буд мавзуе, ки мо ин шумора пайгирӣ намудем. Мо Метавонем!

Чойро арақ иваз кард… 

Тоҳирҷон Сафолов, яке аз ошпазҳои собиқадори пойтахт, ки ҳоло ба ҳайси сарошпаз дар яке аз тарабхонаҳои номдори ш.Душанбе кору фаъолият дорад, мегӯяд, ки чойхонаҳо имрӯз барои соҳибонашон фоида надоранд. 

   - Дар чойхонаи сирф шарқӣ фақат чою нону қанди печаку наботу парварда ва нишолло бояд пешкаш шавад. Вале шумо медонед, ки ба чойхона танҳо пиронсолон меоянду қанду наботашонро бо худ дар остин печонида меоранд ва фақат чой фармоиш медиҳанд. Бо танҳо 1 чойник чой чойхонаро гардондану нигоҳ доштан мушкил аст ва шояд ҳамин сабаб аст, ки аксарияти чойхонаҳо баста шуданд ё фаъолияти кори хешро иваз намуда, ба тарабхона табдили ном карданд. Акнун ҷои чойи гарми кабуд дар ин чойхонаҳо арақи сард мерезанд, - мегӯяд мавсуф.

Чаро «Роҳат» тарабхона шуд?

Имрӯз фаъолони фейсбукӣ дар бораи ҳифзи чойхонаи «Роҳат», ки қарор аст тахриб шавад, зиёд мегӯянду менависанд. Вале мебахшед кадом чойхона??? Роҳат оё чойхона аст? Кай охирон бор дар Роҳат чой хӯрдаед?

 Оре, дар оғоз чойхонаи «Роҳат» ба маънои томаш чойхона буд ва он ҷо мардуми аз деҳот ба пойтахт омада, 1 пиёла чой нӯшида, дам мегирифтанд. Пасон самбӯсаю сихкабобу оши палаву лағмон пайдо шуду чойхона оҳиста-оҳиста бо пешкаш намудани нӯшокиҳои спиртӣ, ки аз чой дида фоидаи бештаре доранд, ба тарабхона мубаддал гашт. Ва тарабхонаи хелееее гаронарзиш!

   - Чойхонаи «Роҳат», алалхусус бинои он ҳеҷ арзишӣ таърихӣ надорад, танҳо тарҳи бинои он моро ба ёди замони шӯравӣ мебарад ва шояд ҳамин аст, ки мардум барои ҳифзи он садо баланд мекунанд. Вагарна «Роҳат»-и имрӯза бо «Роҳат»-и 30 сол пеш ягон тафовут надорад ва соҳибаш ба хотири тиҷорати даромадноки худ чойхонаро тарабхона кардааст, таъкид медорад Тоҳирҷон Сафолов.

Новобаста аз он, ки бархе аз чойхонаҳо дар феҳристи мақомотҳои маҳаллӣ ва нозироти андоз ҳамчун чойхона мондаанд, лек дар асл тарабхонаву қаҳвахона шуда, бо пешкаши анвои гуногуни хӯрок ва хизматрасонӣ-баргузории ҷашну тӯй ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ аз чойхонаи оддӣ будан рӯй гардонидаанд.

Чойхонаҳои маъруфи «Фароғат»-у «Саодат» низ ё аз байн рафтанд ё фаъолияти хешро қатъ карданд ва ё ба ресторану тӯйхона мубаддал шуданд...

Дар пойтахт 1 чойхона намондааст!!!

Пирони барнодилу рӯзгордида имрӯз ниёз ба чойхона доранд. Чойхонаи сирф тоҷикӣ, ки ҷойи онҳоро ягон ҷойи ҷамъиятӣ ё гапхона гирифта наметавонад. Дар пойтахт ҳамин ҳоло қариб, ки ягон чойхона намондааст. 

Чанд чойхонаи миллӣ дар шаҳрҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб мондаанд, ки онҳо ҳам дар ҳоли аз байн рафтананд, зеро соҳибонашон ин маконҳоро табдил ба тарабхона мекунанд. 

Ба пиндори ман, айни замон, ки корҳои бунёдкорӣ ва созанда дар сартосари мамлакат бахшида ба ҷашни тақдирсози миллӣ-30 солагии Истиқлолияти ҶТ идома доранд, раисон бояд дар фикри бунёд ва ташкили чойхонаҳо бошанд. Чаро не? 

Мо пайгири мавзӯ ҳастем. Шумо низ фикру андешаи худро дар ин маврид метавонед ба газетаи мардумӣ ирсол намоед, хонандагони гиромӣ. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

М.Аминзода, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter