ХАБАРИ ДОҒ

Давлатзода Дилмурод Ашурбек: «Зиёдшавии нафақаро нодуруст фаҳмиданд!»

  • Панҷшанбе, Янв 21 2021

 

 Давлатзода Дилмурод Ашурбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 11.01.2021 бо ирсоли 1 нома ба редаксияи газетаи СССР ба суолҳои хонандагони мо, ки тариқи номаи расмӣ 1 моҳ пеш ба эшон фиристода шуда буданд, билохира посух гуфт. Дер ояду шер ояд! Мо метавонем!!!

Зиёдшавии 15% нодуруст дарк шуд

    Ба суоли мо дар мавриди нодуруст тақсим шудани иловапулии 15% директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Давлатзода Дилмурод Ашурбек посух дод, ки мутаассифона аксари нафақагирон зиёдшавии нафақаро аз рӯи 15%-и нафақаи таъиншуда нодуруст дарк намудаанд. 

   - Мувофиқи Фармони Президенти ҶТ аз 4.08.2020, №1580 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), бе назардошти нафақа барои хизмати дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди ҶТ ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақалли нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол, яъне 207х15%=31, 05 сомонӣ зиёд шудааст. 

Барои мисол, агар нафақагир ба андозаи 450 сомонӣ нафақаи меҳнатӣ мегирифта бошад, пас аз зиёд шудани нафақа, андозаи нафақаи ӯ ба 481,05 сомонӣ баробар мешавад. Мутаассифона аксари нафақагирон ин муҳтаво, яъне зиёдшавии нафақаро аз рӯи 15% нафақаи таъиншуда нодуруст дарк намудаанд, - иброз медорад мавсуф.

Дастурамал сирре надорад!

   Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар робита ба Дастурамал мегӯяд, ки он санади меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилиидоравӣ буда, Дастурамал оид ба тартиби зиёд намудан ва индексатсияи андозаи нафақаҳо тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2020, № 469 «Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти ҶТ аз 4.08.2020, №1580» барои татбиқи Фармони Президент барои кормандони Агентӣ ва барои ба низом даровардани кори воҳидҳои сохтории Агентӣ таҳия карда шудааст.

   - Дастурамали мазкур ягон сирре надорад ва дар ҳолати дархост Агентӣ омода аст нусхаи онро барои шиносоӣ ирсол намояд, - таъкид медорад мавсуф.

Барои парасторон нафақа пешбинӣ нагардидааст

   Бояд тазаккур дод, ки тибқи Фармони Президенти ҶТ аз 4.08.2020, №1580 андозаи нафақаҳои иҷтимоии кӯдакони маъюби то 18 сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо нафақа тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ» таъйин шудааст, ба андозаи 50% ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда шуд. Яъне, нисбати нафақагирони маъюбе, ки дар маълумотномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба нигоҳубин эҳтиёт доштанашон тасдиқ гардидааст, афзоиши нафақа татбиқ мегардад.

   Ба нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ аз рӯи сину сол, маъюбӣ, маҳрум гардидан аз саробон то 1.01.2020 тайин гардида, фаъолияти меҳнатӣ надоранд, тибқи фармони болозикр қисми суғуртавии онҳо ба андозаи 8 фоиз индексатсия карда шуд. 

   - Бояд гуфт, ки низоми таъмини нафақа бо муқаррароти қонун матраҳ гашта, дар ҶТ таъмини нафақа дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар қонуни мазкур барои парасторони шахси маъюб таъмини нафақа пешбинӣ нагардидааст, - иброз медорад директори Агентӣ.

1%-ро аз 2070 сомонӣ зиёд намегиред!

   Дар мавриди пардохти маблағи 1%-а, ки пас аз ба нафақа баромадан дастрас мегардад, директори Агентӣ чунин гуфт:

   - Тибқи муқарррароти моддаи 54 Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» шахсоне, ки дар давоми фаъолияти меҳнатӣ 1% саҳми суғуртавиро аз андозаи музди меҳнат пардохт намудаанд ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба сини нафақавӣ, яъне барои мардон 63 ва барои занон 58 солагӣ маблағи андӯхти нафақавӣ таъйин ва пардохт карда мешавад, - афзуд Давлатзода Дилмурод Ашурбек.

   Мутобиқи муқаррароти моддаи 54-и қонуни мазкур, агар маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавӣ, яъне аз 2070 сомонӣ (270х10=2070) кам бошад, ҳамаи маблағҳои захирашуда якбора пардохт карда мешаванд. Агар маблағи захирашуда аз ин андоза зиёд бошад, пас ҳамчун қисми захиравии нафақа, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, бо роҳи тақсими маблағи андӯхтҳои нафақавӣ ба нишондиҳандаи муайяншудаи моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳармоҳа илова ба нафақаи суғуртавии ҳисобшуда пардохт карда мешавад.

 

Фароҳамсоз Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter